Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кораш ва зиндагонии шахсии худ қариб рӯз дар миён мактуб менавишт. Ман ҳам ягон мактуби ӯро беҷавоб намемондам. Қариб дар ҳамаи мактубҳояш натиҷаи муолиҷаро мепурсид, тезтар сиҳат шуданамро орзу мекард.

Рӯзе бегоҳӣ комиссари госпиталь, майори тиб, зани хушкадду қомати айнакӣ омад.

— Шумо фалонӣ?

— Ҳа, ман. Чӣ хизмат?

— Хоҳаратон омадааст. Дар берун мунтазири шумо. Агар баромада натавонед, иҷозат медиҳем, медарояд.

— Хоҳарам? — моту маҳбут шуда мондам. Мумкин сахв шуда бошад? Масалан, рӯзи аввали ба ҳамин госпиталь омаданамон ҳамин тавр шуда буд. Пеш аз он ки беморони аз дигар ҷой омадаро қабул кунанд, делои шахсии ҳар яке онҳоро хонда, ном ба ном чеғ мезананду баъд ба шустушӯ мебаранд.

— Содиқов Шариф! — бонг зад ҳамшираи тиббӣ. Ҳама хомӯш. Ӯ бори дигар такрор кард. Аз касе садое набаромад.

— Фамилияи шумо чӣ? — пурсид аз ман.

— Содиқов. Аммо номам дигар, — гуфтам.

— Пас ҳамин шумоед, — гуфт ӯ, — мумкин номатон ғалат шуда бошад.

— Ғалат шуданаш мумкин не, — гуфтам.

— Сержанти калон?

— Не, лейтенанти калон.

— Соли таваллудатон?

— 1913.

— Ин 1914. Аҷиб-ку, — китфҳояшро дарҳам кашида, назди хизматчиёни дигар шитофт ҳамшираи тиб, ки зани махину қоматбаланде буд. Онҳо байни худ дурудароз машварат карданд. Ҳатто ба госпитали шаҳри Челябинск телеграмма додани шуданд, ки делои маро ғалат фиристодаанд.

Интизорӣ қариб ду соат дароз кашид. Охир қарор доданд, ки маро қабул карда, баъд делоро ҷустуҷӯ менамоянд. Муваққат маро ба палатаи дигар бурданд.

— Рӯзи дигар дар вақти азназаргузаронии ярадорон духтур гуфт:

— Дар палатаи офицерон ҳам офицере ҳаст, фамилияаш Содиқов.

Ана, бо ҳамин чигил кушода шуду бо Шарифҷон Содиқов ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ ҷавони андаке фарбеҳу чашм ва абрӯвони сиёҳ, бинии калону лаби ҳандон дошт. Агарчанде

пешина
аз 323
навбатӣ