Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҷавон дам назад. Падари Автандил аз дар баромад.
Азим дар бало дармонда буд. Занҳо пайваста сим зада менолиданд: манзили алоҳида, мошин, гарнитур намерасад; ягона писар ё духтараш ба донишкада медарояд; ба Дубай дамгирӣ меравад; ғизои зебосанамеро табибон ҳафт навъ муқаррар кардаанд; ба тармими хонаи падар маблағ зарур аст... Тоҷир мекӯшид хоҳиши занҳоро аз ҳисоби маблағи ширкати хусусӣ қонеъ бинамояд. Афсӯс, рафта – рафта зӯраш нарасида, корхона «банкрот» шуд.
Ёвараш Ҳиромон варақаеро болои мизи тоҷир гузошт. Азим бо такяи ошноҳои идораи Боло хост аз пардохти қарз бигрезад. Гапаш нагузашт. Занҳо ҳар дам сим зада, маблағ мепурсиданд. Ба Худо, тоҷир ҷонбезор шуд. Ба котиба гуфт, ки садои занона ояд, «нест»-ам.
... Бонувони қашанге ба суроғи тоҷир афтоданд. Қароргоҳи ӯ, ки андаруни бинои маъмурӣ ҷойгир буд, ҳамашон ворид шуда натавонистанд. Диданд сафшон мефизояд, рашк бурдаву сӯҳбатшон ба можаро омехт. Низомипӯше ба тоҷир расонид, ки занони маҳшар дар пойин ӯро мепоянд. Аз баландӣ нигоҳ кард Азим ва хандид, ки аз пушти ӯ «дивизия»-и занҳо парвонаанд.
Ин замон Ҳиромони ёвараш вориди дар шуда, болои мизи «шеф» даъватнома гузошт.
Азим унвонии додситони кишвар аз ҳамоқат носозои дар косаи ақл намегунҷидагӣ гуфт.
Баъди он ки занҳо пароканданд, тоҷир лифтро пойин шуд. Ба додситон омад, то бифаҳмад, кӣ дар муқобилаш ҷуръати сарбасарӣ дорад. «Сайдро чун аҷал ояд, сӯйи сайёд равад». Ба остонаи қабулгоҳи раис по ниҳода буд, ки кормандони амният аз пушт ҷаҳида «Бемуқовимат ба мошин бишин!» — гӯён яке ба дастонаш «дастпона»-и фӯлодинро ҳалқа андохт. Якчашмаро боиси ҷинояти вазнинаш ҳабс карданд. Ӯ ҳабс, вале сидқу сафои занҳо баъд сар шуд.
Азимро дар ҳуҷраи симонтии атрофаш панҷарагин нигоҳ доштанд. Дигар ӯ чандқарата таомҳои лазизу кабоби баррагӣ намехӯрд, аз дилхушиҳои пешин баҳасрат ёд мекард. Ҳамин ҷо ӯ намозхон шуд, агар не, намедонист сураеро аз Каломи Маҷид. Ин соҳати озодиш мебуд, хизматгорон бардор-бардор ҳампахлӯи
- Сатри шеърӣ мансуби Саййидост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё