Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

гардонданд. Ба куртаи Абӯхайр Меърочиддин кайк галтид. Рафт ба вазорати амнияти бехатарӣ. Ду рӯз навбат пойид, пасон, ба қабулгоҳ роҳаш доданд. Дубаду шишт бо ҷавонмарди батанутӯше.
— Чӣ арз дорӣ?
— Эй бача, ситораат гарм, аз куҷой?
— Тоҷикам!
— Як гапе мезанӣ, ки ... Мо ҳама тоҷикем.
— Бигӯ, то ҳадди зӯррас кӯмак мекунем.
— Якта бачама ба Амрико роҳӣ карданиям. Шумо зид баромадед...
— Барои чӣ норозием?
— Аввал бигӯ, ки писари моро Амрико зарар мекунад?
— Ба рафтанаш зид нестем, фақат нияти сафар рӯшан мебуд.
— Магар ин сарбаста монда?..
— О, фарзанди Шумо мактаберо хатм накардааст. Якбора ӯро аз тариқи идорае, ки дар он ифои вазифа доред, ба таҷрибаомӯзӣ роҳӣ намудан хилофи қонун аст.
— Худат ҳам дар ҷои ман бошӣ, як бачата ба Амрико он сӯ, то Албания равон мекунӣ.
— Дар куҷост ин давлат?
— Намедонам.
— Дар ин мавзӯъ гап тамом.
— Бачаи якрав будай. Ҳе, медонӣ, «дил сӯзад, аз чашми кӯр об меравад».
— Ака, мо зидди қонун кор намекунем.
— Ин қадар бовиҷдон бошӣ, давлата аз даруни ҷазирбод кардаанд, чӣ хап мешинӣ?
— Кӣ?
— Ана, Азим ном «тоҷир» дар ҳафт гӯшан шаҳр хона андохта, мошинҳои нав ба нави хориҷӣ харида, пуф-пуфи бандан хокӣ гуфта гаштааст. Ҳафтод зани беникоҳ дар ихтиёраш. Ку зимомдоре, ки чилаваш бидорад. Моне, ҳама лоф мезанем, барои ободии Ватан талош надорем.
— Боз шунидем ӯро занҳош партофта рафтаанд..., — ҷиддӣ гуфт марди муддаъӣ.
— Додар, ӯ мо нестем, ки лахти ҷигармона ба як давлат роҳӣ карда натавонем. Дипаҳако, духтари чордаҳсола гирифт. Хӯ, духтари эшони Абдурасулро.

пешина
аз 314
навбатӣ