Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Дӯшизае мебурдандаш ба тарабхонае. Аз он ҷо рост ба «сауна»-и дуҷоя, баъд гармӣ намефорид, шамол дода-шамол дода то бӯстонсаро мерасониданд. Ва, нуклу наво бо шаробу кабоби чандрӯза муҳайё, бо шефи бадавлату хонуман pursaвлат дамгирии биҳиштӣ орзу намуда, чорқад пас гашта мерафтанд. Ёдовариҳо Азимро хаёле гаранг кард ва дар ғазаб панҷараро ларзонд. Даврони озодиш гоҳе маҳбусонро дар навори симо дида «Э, маймуна бине!» мегуфт. Ҳоло дар ин гӯшаи узлат сарҳаму танҳост. Ҳар милисаи навбатдор аз ӯ ҷурм меёбад: қоматаш ҳам, нигоҳаш қаҷ, нафаскашаш баланд... Ӯро андешаи озодӣ ғолибият дорад. На хуршеда мебинад, на моҳро. Ва ҳалқаи пӯлодии дастон дилашро мефишорад.

Шаби асирӣ ӯро дери дер падруд мегӯяд. Сахт гурусна монд, Азим. Пеш аз хуфтан як милисаи қаддарози хунукафт даричаи оҳаниро так-так кӯфт ва ҳамчуноне ба пеши саг устухон мепартоянд, «ма, бигир!» – гуфт-у бадқаҳр косачаро дода дур шуд. Вой-а, ин замон дар хона мебуд, тайи такпӯши варзишӣ ба аргунчак вазн андохтаву фиребо ҳӯрла-ҳӯрла, пурзамзама ашӯлай ҳиндӣ хондаву шикамашро молида-молида париваше ба ӯ хизмат мерасонид. Ҳобаш намебурд. Агар ба даричаи маҳбас мегунҷид ё зоғнӯл меёфт, ки таки дарро бишкофад, ҳамзамон дар зулмоти шаб дум хода мекард.

Афкори печида азияташ медод. Тахмин зад, ки хубаш худкушӣ бикунад. Боз ҷон ширинӣ карду аз раъяш гашт. Такядораш девори маҳбас буд, аламаш ҷӯшид, ки дар шуои чароғи хирасӯз пастак-пастак гирист. Нолаи тоҷир фазои хомӯшу рутубатолударо пурваҳмтар кард. Гиряи ӯ ҳасрат дошт. Ку наворе, ин манзара меафтод. Дар маҳбас Азими бечора нишаставу ба навори пешин тоҷири саркаше омада буд. Яъне, бандаи хокӣ метавонад ҳар лаҳза тағйир пазирад?

Тайи моҳҳои дароз танҳо бахти аввалаш Азим дидорбинӣ омаду халос. Дигар заноҳ ба маҳбас афтиданашро фаҳмида, аз ӯ рӯ гардонданд. То ҳатто баъзеҳо бармаҳал «ҳукми қатл»-аш навишта, ба амали хафиф омодагӣ диданд. Ҳа, ба ҷойи мардаки давлатмандро хабаргирӣ субҳ надамида, ба саҳни даргоҳи додситон расида меҷӯстанд, ки парвандаи ҷиноӣ дар кадом ҳолат аст? Азим аз маҳбас мебарояд ё на? Билакс, чӣ навъ бӯстонсарову ҳавлиҳо, мошинҳои

пешина
аз 314
навбатӣ