Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
сабукрави хоричиро соҳиб шаванд?
Ҳамида зани сиёҳчурдаи шаттоҳу далла ва найрангбоз ба Додситонии кулл арз навишта, талаб кард, ки ӯ завҷаи қонунии тоҷираст ва бӯстонсарои воқеъ дар камари кӯҳ-рӯ ҷониби рӯди Сафедобро мехоҳад. «Не» — гӯянд, шиква мебарад болотар, ба Созмони ҳуқуқи инсон дар Милали Муттаҳид.
Бахти аввали Азим ба нишони посух сӯйи занаки аблаҳ нӯшханд мезад. Таки чодари арӯсӣ, пас аз никоҳи мусулмонии тоҷир тока ба тока бо ӯ дидор дида буд. Даъвии қатор-қатор занҳо аз ҳаждаҳ то панҷоҳсоларо бо чашмони сараш дида, бовар накард. Намедонист, ки як Азим ин қадар харидор доштааст. Дӯстдориву садоқати ҳамболини бовафо пуфакеро мемонист, ки бо расиши сӯзан мекафад.
Ҳакамон дар кушоиши даъвии занҳои «қонунӣ» гаранг монданд. Оӯӯ, ноаслҳо, чиҳое мебофтанд. Санади дилбарони Азим ба дафтари аъмолаш зам гашт. Қисмати гунаҳкорро шаҳодат сомоӣ медиҳад. Боқӣ, ҳаркӣ ҳарчӣ билофад, беэътибор аст. Азим дар хилваткадаи маргҳои занҳои садрӯяро шинохта, ба худаш нафрин мехонд, ки чаро ҳавасакӣ паймон баст? Дилхушиҳои муфтро назди ҳакамони адолат посух бойистӣ гуфт.
Азим ба халосгар зор ва чашмонаш чор буд, ки даричаи маҳбасро кӣ мекушояд?..
Ба назди ӯ аз рахи дарози ноҳия то пойтахт завҷаи нахусташ ҳамроҳи бачаи майдаҳак баазобе мошин ба мошин меомаданд. Аз ҳамон Азими хомфарбеҳ мегӯӣ пӯст болои устухон монда буд. Ин дафъа барои сӯҳбат ҳафт дақиқа вақт доданд.
Аҳволи мардакро дида, ҳамсараш гирён шуд. Азим дар хона кӯдаконро нигоҳ намекард ё рӯйи хуш надода, аз пешаш меронд, ғаши Райҳон намеомад. Ҳоло кӯдакро аз бағал нафуроварда, палч-палч мебӯсиду бӯ мекашид. Ва, дар гиряи пастаку ҷонкоҳи Райҳон ӯ низ гирист. Ба ҳадде, ки низомипӯш дарро боз карду хитоб зад:
— Оқибати ҳар ханда гиря аст. Аввал андеша nakarдӣ, ки мастӣ ба пастӣ мекашад?!
— Тӯҳматаш заданд..., — нимовоз гуфт Райҳон ҷониби дар.
— Пушти нагир, хола! Лашкари занҳо ба даъвии хонаву дар, маблағу мошинҳои рангобарангаш талашак доранд.
Райҳон хомӯш монд. Аз дурӯғи бофтааш ҳай шармид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё