Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Афтов задай сараки чӯбтораи1 мо,
Зангол гирифт, сараки рухсораи мо.
Зангол гирифт, рӯшаниш барҳам зад,
Миёнум камони оҳанӣ буд, ҳам зад.
Ошиқи дилпора аз рӯи меҳр ба нозанини рамида эҳдо фиристод:
Нигори нозанини аҳли дардам,
Сарамро гар буранд, аз ту нагардам.
Сарамро гар буранд бо ханҷари тез,
Ба хун ҷавлон занам, гирди ту гардам.
Рӯшангул сар набардошта, пахта мечид. Атрофиён садошонро чандон намешуниданд. Оҳанги ғамзаи овозаш фиребид, ки ҷавон бо ӯ байтбарак дорад. Хӯмӯш биншинад, пас, дар дил надорад чӯшеву хурӯше? Саҳро аз шеърҳои ҳусну мегирифт. Ва, духтар форамтар овоз меандохт:
Коргарбачаи базебу олуфтаи ман,
Хӯш мегузарӣ эй раҳаки рӯфтаи ман.
Духтарои деҳ аҷаб ба ту хушдоранд,
Бигӯ гунаҳам, чаро ту рӯ тофта зи ман?
Ҷавони сармаст аз ғурур ва нозу истиғнои олиҳаи ҳусну маҳмур менозиду шӯхона мехонд:
Э духтараки сафедаки якдона,
Дастакма бигир, бибар маро то хона.
Дастакма бигирӣ, мешкапа ормонум,
Бе ту бошам, рӯям сиёҳ мемона.
Шеърҳои ошиқонро ошиқтар мекард. Пайвандгаршон шеър буд. Ҳарду беадад шеър гуфтанд. Ошиқи асил шоирасту шоири бохунар ошиқ.
Бегоҳӣ миёни шарикдарсон овоза паҳн гашт, ки Убайдуллоҳи писари Маҳмадулло ошиқ шудааст. Ҳақиқатро шарикдарсон паҳн карданд. «Девор муш дораду муш гӯш.» Баъзе ҳасудакон дар чӯяҳои пахта, болои халта ҳам зада, рубоиҳои ошиқонаро ба ҷамоат шунавонданд. Духтар маҳзун шуд, ки ба кадом рӯ ба деҳ меравад? Хӯб, ки омӯзгори мазмуни «Адабиёти тоҷик» Абдулҳаким Ёқубӣ
1Чӯбтора- боми камиш пӯшондаро гӯянд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё