Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

намоиш дод. — Маро гиромбозиву ҳаромхӯриҳои шумоён девона кардааст. Гумон мекунӣ, девонаҳо ақл надоранд, а? Мебахшӣ, мо ба ҳоли шайтонҳои «ҳушёр» механдем. Ку бигӯ, дар чандин соли ҳамсоядорӣ ба касе бадӣ кардаам? Не, шукри зану фарзандон нигоҳубинам мекунанд. Нону намаки Ҳабибуллову Маҳмадуллора, ки хӯрдаам, хеста омадам. Ту чӣ медонӣ, ғамбодаи дили маро?!

— Қурбо-о-он!! Хеле дарди дили гуфтӣ, бас! — садо кард соҳибхона ва оҳиставу нарм даст ба шонаи ӯ бинҳод.

— Хоб шудааст, бероҳа мепӯстаму Пирума асло намебахшам, — алопса нигоҳ кард Қурбон ба посбони киштзер ва парм-парм ҷониби дарвоза рафт.

— Э, ҷонта садка девона-е, — аз пасаш нимшунаво гуфт мӯйсафеди Пирум.

— Чӣ бало задаст шумоҳора? — гиреҳи машварат во намуд усто-Тагаймурод. — Бечора як алам кард дар бало монд. Ку фикри табобати Убайдуллора бинем. Пеши кӣ бибаремаш? Чӣ доруворӣ биёремаш? Кай касида бихонемаш? Баҳси масъалаи муҳима мондаву ба девонаи Қурбон часпидан, айб!

Баъди таъкиди маслиҳаттари деҳ усто-Тагаймурод аз хурд то калон садо наомад.

Убайдулло ба шиддати бардорузани мошин ва таъсири ҷарроҳӣ чашмонаш мургак мерафт. Модар аз ҷиҳози тӯйи шоҳи нóмурод бароиш рахти хоб густурда буд. Вакили деҳа усто-Тагаймурод батаҳаммул ва ҳакимона сухан мегуфт. Ӯ ба чеҳраи маҳзуни Маҳмадулло хуб зеҳн монда, чун вориси авлод ин суол кард:

— Баҷаро чӣ табобат мекунӣ?

— Ба номи Худо қасам, сари мақсад наомадаем, — муғамбир овоз баровард падари бемор.

— Чӣ норасоӣ дорӣ?! — кохипомез гуфт вакили доно. — Имрӯз фалокати ба сари фарзанди ту омада-дарду ғами мо ҳисоб. Тангдастӣ айб нест.

— Гапи усто-Тагаймурод рост, — риши кӯтоҳашро аз так сила зад мӯйсафеди Пирум. — Бихоҳӣ, замини хотаатро худам мегардонам, кишти баҳориву тирамоҳӣ мегузаронам.

Ҳамсояҳо дар ҳалқаи вакили деҳ аз камбуди рӯзгор, ҳамраъйӣ ба наҷоти инсонҳо пурмаъно мубоҳиса оростанд.

пешина
аз 314
навбатӣ