Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Хуҷанд, Исфараю Мурғоб, Носири Хусраву Конибодом буда, дар кору амал ва симои онҳо беҳтарин хислатҳо ҷойгузин карда шудаанд. Адиб дар эҷоди ин гуна очеркҳояш, аз як тараф, ба далелҳои муътамади воқеоти БАМ муроҷиат намуда, аз сӯйи дигар, бо муҳоҳидаҳои шахсӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо қаҳрамонони асарҳои худ ҷиҳати васеъ гардидани мавзӯъ ва қавӣ шудани фикру мулоҳизаҳояш такя кардааст. Публитсист дар кушодани дигар ҷанбаҳои сохтмон, ки он ба кори ҳар як қаҳрамони очерк иртибот дорад, таваҷҷуҳ карда, инҳоро воқеӣ ва таъсирбахш таҷассум намудааст.
Солҳои минбаъда нависандаи ҷӯянда Бахтиёр Муртазо ба омӯзишу инъикоси раванди бунёди сохтмони нақби «Истиқлол» машғул шудааст. Натиҷаҳои омӯзиш бо як силсила мусоҳибаҳо ва очеркҳо, инчунин дар шакли романи мустанад бо номи «Нақби Истиқлол» рӯйи чоп омад, ки аз корнамоиҳои мардони шуҷоатманду далер ва роҳкушоёну фотеҳони нақби Анзоб ҳикояти рангин мекунад. Дар воқеъ, кушодани ин роҳ баҳри кишвар дар замони истиқлолият барои ҳадафи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бисёр муҳим ва зарур буд. Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои муаззами миллат ҳангоми эҳёи сохтмони нақби мазкур чунин гуфта буданд: «Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳро кушоем, то дарвозаи вилояти Суғд, ки дар байни Душанбею Хуҷанд қарор дорад, дар чаҳор фасли сол ба рӯйи мардум кушода бошад. Бигзор падарону модарон ва бародарону хоҳарони мо аз азоби баста шудани роҳ дар давоми шаш моҳи барфрезию тармаҳо раҳоӣ ёбанд. Бигзор дарвозаи Зарафшон ва роҳи мошингарди нақби Анзоб кӯпруки зарине гардад, ки чун давоми силсилаи Шоҳроҳи абрешим қисмати шумоли мамлакатро бо пойтахти он бипайвандад. Бигзор рафтуои мардум аз шарофати ин роҳ ба чаҳор самти олам ва саросари Тоҷикистон осону бемонеа гардад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё