Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Меҳвари асосии ин асарро аҳамияти кушодани нақбҳо, сохтмону бунёди пулҳо ва ҳарчи бештар татбиқ намудани ҳадафи Роҳбари хирадманди давлат ташкил медиҳад. Ин ҳадафро нависанда аз забони қаҳрамони марказӣ Мафтун чунин баён мекунад: «Охир, роҳ бошад, кас ба дидори хешу пайвандон, дӯстон, ҳамқишлоқиҳо, ҳамшаҳриён, ҳамватанон мерасад, ба онҳо наздиктар мешавад. Роҳ бошаду якдигарро зуд-зуд бубинанд, дӯстон дӯсттар мешаванду ошиқон ошиқтар».

Саҳнаҳо, воқеаҳо, ки фарогири масъалаҳои иҷтимоианд, дар ин романи мустанад зиёд ба назар мерасанд. Бо ин гуна саҳнаҳо ва тасвири он адиб хостааст, ки бояд одами моҳи меҳнатдӯст, худшиносу худогоҳ дар сафи аввал қарор гирифта, дар чунин кор ташаббус нишон диҳанд. Ҷанбаи дигари асари мазкур нишон додани қувваи бузурги дӯстӣ, муттаҳидӣ ва сулҳу ваҳдати комил мебошад, ки дар бобҳои «Роҳ – фарҳанги диёр», «Нанги ватандорӣ», «Дасти дӯст» ва «Достони бародарӣ» хеле муассир ба тасвир гирифта шудаанд.

Нависандаи соҳибистеъдод Бахтиёр Муртазо нисбат ба намояндагони дигари насли дувуми публитсистон ба инъикоси корҳои сохтмонӣ дар иншооти гуногун таваҷҷуҳи зиёд дорад. Албатта, ин бесабаб нест. Ӯ ин кори сангини эҷодиро, ки бо фатеҳоҳу қаҳрамонии онҳо иртибот дорад, масъулияти шаҳрвандӣ медонад. «Барои ман таҳқиқи бадеии мавзӯъҳои истеҳсолӣ амри дил аст. Барои худ ҳамчун қаламкаш шарафи бузург меҳисобам, ки таърихи бадеии сохтмонҳои муҳташами Ватанро тасвир намоям», – мегӯяд адиб.

Умуман, мавзӯи сохтмон дар очеркҳои Бахтиёр Муртазо мавқеи муҳим дошта, дар онҳо натанҳо зарурат ва аҳамияти иншооти бузург тасвир мегардад, балки тавассути нишон додани хислатҳои қаҳрамонон ҷасорату мардонагӣ, меҳнатқариниву шуҷоатмандӣ, одаму одамгарӣ, дӯстиву

пешина
аз 263
навбатӣ