Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

АЗ «ЗИНАҲОИ РӮЗГОР» ТО «НАҚБИ ИСТИҚЛОЛ»

Публитсистика, хосса очерк, бо пурмуҳтаво будани мундариҷаву ғоя, мазмунҳои баланд, инъикоси муаммоҳои ҳаёт, василаҳои таъсирбахши тасвир, омӯзишу ҷустуҷӯйи мавзӯъҳои ҷолиб ва таҷАССУМИ воқеоту саҳнаҳои муассир рушду такомул меёбад. Очерк нисбат ба дигар жанрҳои публитсистика дар кушодани паҳлуҳои рӯйдоду воқеа, падидаву зуҳурот, афкору ҷаҳонбинӣ ва хислати ҳамзамонон имкониятҳои васеъ дорад. Очеркҳои Бахтиёр Муртазо мамлуи чунин хусусият ҳастанд.

Маҷмӯаҳои очеркии «Қасидаи бародарӣ» ва «Чанор дар Солони» ҳосили сафарҳои мақсадноки Бахтиёр Муртазо ба иншооти азими аср – БАМ – Шоҳроҳи Байкалу Амур буда, пурра ба мавзӯи ин сохтмон бахшида шудаанд. Дар сохтмони умумииттифоқӣ намояндагони тамоми халқҳои ҷамоҳири Шӯравӣ, аз ҷумла, ҷавонони соҳибҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо меҳнати софдилона дар бунёди ин иншооти аср саҳм гузоштаанд. Қаҳрамонони маҷмӯаи «Қасидаи бародарӣ» шахсони меҳнатдӯсту ғамхор, сабуру бомулоҳиза, соҳибистеъдоду мубориз тасвир шудаанд, ки бешубҳа, хонандаро ба пайравӣ кардани ин амалу хислатҳои онон талқин менамоянд. Хусусан, зиндагӣ ва фаъолияти роҳбари гурӯҳи бинокорони Тоҷикистон Раҳматулло Бобобеков («Калиди ганҷи Сибир»), экскаваторрон аз ноҳияи Фархор Николай Моисеев («Боли уқоб»), роҳсоз Лутфасайн Ғуломасайнов («Роҳи худро ҷустуҷӯ намо!»), ҷангалбурон аз Ҳисор Азизулло Ҳабибов («Зинаҳои рӯзгор»), Саидхон Абдуллоев («Қадами аввал») хеле диққатҷалбкунанда буда, бо маҳорати баланд эҷод гаштаанд. Яке аз хусусиятҳои дигари очеркҳои публитсист интиҳоби қаҳрамон аз минтақаҳои гуногун, аз қабили Панҷакенту Айнӣ, Гарму Бохтар, Кӯлобу Фархор, Истаравшану

пешина
аз 263
навбатӣ