Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Ская правда», «Литературная газета», «Неделя» (замимаи рӯзномаи «Известия»)-ро мутолиа намоем. Ва дар зимн таъкид мекарданд, ки асарҳои рӯзноманигорому адибони рус ва дигар халқҳоро омӯзем.
Дар соли аввали кори рӯзноманигориям баробари навиштани мақолаву очеркҳо повести «Роҳи Каҳкашон»-и нависандаи машҳур ва номвари қирғиз, барандаи ҷоизаи Ленинӣ Чингиз Айтматовро тарҷума намудам. Муаллим тарҷумаи маро таҳрир карда, ба чопи он иҷозат доданд. Ва ин тарҷумаи повести адиби бузург дар саҳифаҳои рӯзнома пурра интишор ёфт. Ман аз ин хеле шавқманд шудам. Пас аз чанде повести «Роҳи Каҳкашон» дар силки тарҷумаҳои Ҳабиб Аҳрорӣ аз тарафи Нашриёти «Ирфон» ба зевари табъ ороста гашт.
Мутулло Наҷмиддинов ба таҳсили мактаби олии ҳизбии Маскав рафтанд ва ба ҷойи он кас шогирдашон, нависандаи публитсист, фелетоннависи оташинқалам Ибод Файзуллоев омаданд. Фаъолияти эҷодӣ дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба мисли пешина ривоҷу равнақ дошт.
- Чанде пеш маҷмӯаи асарҳои публитсистии Шумо таҳти унвони «Хӯшаҳо аз киштаҳо» (ҷилди 1) интишор ёфт. Дар он очеркҳоеро, ки роҷеъ ба мушкилоти соҳаҳои гуногун бо бадеияти баланд ва моҳирона эҷод намудаед, хонандагон бо завқу завқи зиёд мутолиа мекунанд. Ба ин гуфтаҳоям асарҳоятон — «Садди сойи Оби Шӯр», «Бригадаи аввалини нақбканон», «Чашмаҷон» (Чилу Чор Чашма, санаи 136-и ҳиҷрӣ), «Нури ҷовидони зузанаб», «Суҳангустари дарёдил», «Падари халқ», «Ҳикмати ҷомаи саркор», «Муҳориба бо оташ», «Сафинаи Байкал», қиссаи мустанади «Чашмаи офтоб», ки сохтмони муҳимтарини кишварамон — обёрии чӯлистони Бешкандро инъикос менамояд, гувоҳӣ медиҳанд.
Боиси хушнудист, ки ҳафтае қабл ҷилди дувуми «Хӯ-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё