Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳо аз киштаҳо» ҳам интишор ёфта, дастраси хонандагон гардид. Очеркҳои дар ин ҷилд гирдомада низ хеле ҷолибу хондани ва муассир буда, хусусан ба ҷавонони мо писанд меоянд. «Рисолати беназири таърихӣ», «Барномаи аввалини давлатсозӣ», «Оташи қалби инсон», «Роҳи «Нурафшон», «Оғози сохтмонро дӯст дорам», «Зиёрати оромгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ», «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ»-ро метавон аз ҷумлаи хонданитарин асарҳои ин китоб ба шумор овард.

Бисёр хуб аст, ки ҳар ду ҷилди «Хӯшаҳо аз киштаҳо» доир ба заҳмати қаҳрамононаи бинокорони Неругоҳи барқи обии Роғун очеркҳои басо шавқоварро низ фаро гирифтаанд. Вобаста ба ин, аз Шумо хоҳиш мекунем, ки дар бораи ду очеркатон — «Бригадаи аввалини нақбканон» (аз ҷилди 1) ва «Роҳи «Нурафшон» (аз ҷилди 2), ки ба ин мавзӯъ ихтисос ёфтаанд, ҳикоя намоед.

  • Бори аввал бо устои корҳои кӯҳии муассисаи «Тоҷикнақбсоз», узви Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ғиёсиддин Ҳокироев зимни яке аз сафарҳоям ба сохтмони Неругоҳи Роғун мулоқот намуда будам. Рости гап, дар муассисаи нақбсозӣ вазифаи устои корҳои кӯҳиро анҷом додан масъулияти хеле баландро талаб дорад. Зодаи деҳаи кӯҳистон, фарзанди чӯпон Ғиёсиддин Сангалиевич дорои чунин масъулияти баланд мебошад. Боз бар замми ин, дар интихоботи шӯрои вакилони шаҳри Роғун вакили халқ интихоб гардида, соҳиби шаҳодатномаи рақами якум шудааст. Узви раёсати КИМ ҲХДТ будан низ нишонаи обрӯву эътибори ниҳоят баланд аст.

Ин ҳама мартабаҳо ва пешравиҳо аз як маҷлиси созмони ҷавонони ноҳияи Файзобод оғоз ёфтааст. Он вақт Ғиёсиддин хизмати аскариро адо карда, дар яке аз хоҷагиҳо роҳбари созмони ҷавонон буд. Рӯзе дар маркази ноҳия ҷаласаи созмони ҷавонон баргузор шуд. Дар ҷаласа муҳанди-

пешина
аз 263
навбатӣ