Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
МаърифатАдабиёт
Аз аввал хонданДар сохтмони Неругоҳи Роғун ширкат дошт, зеро он солҳо Роғун ба ҳудуди ноҳияи Файзобод дохил мешуд.
- Сухан ба муҳандиси Неругоҳи Роғун Юрий Константинович Шулга, - эълон намуд раиси ҷаласаи созмони ҷавонон.
Он муҳандис бисёр тезу тунд сухан гуфта буд: - Соли ҳаштоду се Неругоҳи Роғун – сохтмони умумииттифоқии зарбдори комсомолӣ эълон шуд, вале онро ҷавонони тоҷик тамоман ҳис накарданд. Гузашта аз ин, ҷавонони тоҷик карахту тарсончаканд. Барои мисол онро гуфтаниям, ки чанде пеш мо ду нафар ҷавонони тоҷикро, ки аз деҳоти атрофи сохтмон буданд, ба кор қабул намудем.
Вале онон ду рӯз ба кори накбканӣ омаданду бо ҳамин нопадид гардиданд.
Ғиёсиддин бо диққати тамом ба суханронии пурҳарорати муҳандиси рус гӯш меандохт. - Ман огоҳам, ки дар ин ҷаласа гули сари сабади ҷавонони ноҳияи Файзобод ҳузур доранд. Шумо дониста бошед, ки Неругоҳи Роғун дар диёратон бунёд шудан дорад ва пеш аз ҳама он мулку макони шуморо нурборон мекунад. Вале дар сохтмони он тоҷикписарони шердилро намебинем. Магар ҷавонони шумо нангу номус надоранд, куҷо шудаанд авлоди Рустаму Исфандиёри рӯинтан? Ба ҷавонмардони паҳлавон чӣ шуд? Дар сохтмони Неругоҳи Роғун намояндагони ҷавонони бисёр миллатҳои ватанамон – русҳо, тоторҳо, гурҷиҳо, осетинҳо, белорусҳо мисли бародарону дӯстони ғамхор бо меҳнати бунёдгарӣ машғуланд, дар байни мо фақат намояндагони тоҷикон нестанд!
Дар ин ҷаласа дигарон низ сухан гуфтанд, вале мағзи Ғиёсиддин ба нидоҳои муҳандис Шулга банд гашта, ҳарферо намешунид. Чаро мо, ҷавонони тоҷик, дар накбканӣ кор карда наметавонистем? Охир, ҳамдиёрони мо дар сохтмони Неругоҳи Норак заҳмат кашида буданд, чаро аз сохтмони Роғун мегурехтаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё