Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин зайл, «чаро»-ҳои зиёд тамоми вуҷуди ӯро фаро гирифтанд ва ин ҳолат чанд рӯз идома ёфт. Ва Ғиёсиддин ба чунин хулосае омад, ки аз ҳамдеҳагони хеш бригадаи нақбканон ташкил намояд. Талаботи асосӣ он аст, ки ба ин бригада шахсоне номнавис шуда метавонанд, ки хидмати аскариро адо карда, соҳиби ягон касби техникӣ бошанд!

Ғиёсиддин понздаҳ нафар чунин ҳамнавъони худро пайдо намуда, ҳамроҳи онон ба идораи созмони ҷавонони ноҳия омад...

Ба ҳамин минвол, бригадаи аввалини нақбканон ташкил гардид. Албатта, аъзои ин бригада роҳи душвори тако‐мулро паймуданд, ки ин ҳама дар очерк ба риштаи тасвир кашида шудааст.

Акнун чанд сухан дар бораи очерки «Роҳи «Нурафшон». Амрулло дар шаҳраки Оби Гарм таваллуд шуда, аз овони тифливу ҷавонӣ ба садоҳои гуногуни васоити техникии сохтмони Неругоҳи Роғун ошно гардидааст. Ӯ мактаби миёнаро хатм намуда, дар факултуи механизатсияи хоҷагии қишлоқи техникуми политехникӣ хонд ва касбҳои техникӣ омӯхт. Ва албатта, барои кор ба ягон ҷойи дигар нарафта, дар раёсати механизатсияи сохтмони Неругоҳи Роғун ба сифати челонгар хидматро оғоз намуд. Аз солҳои аввали фаъолияти худ Амрулло дар дил қатъиян қарор дода буд, ки муҳандиси комили соҳаи эҳдоси неругоҳи барқи обӣ шавад ва дар ин ҷода пирӯзиҳо ба даст орад. Бо ҳамин ҳадаф вай дар муассисаҳои гуногуни сохтмони неругоҳ вазифаҳои масъулро софдилона адо намуд ва дар шӯъбаи ғоибонаи энергетикии Донишгоҳи техникӣ таҳсилро идома бахшид. Амрулло ният дошт, ки дар муассисаи баландпояи «Спетсгидроэнергомонтаж» ба кор дохил шавад ва бо ҳамин мақсад ба қабулгоҳи роҳбари он Валерий Ростиславович Мигуренко омад. Дар қабулгоҳи Мигуренко ду-се нафар интизори мулоқот буданд. Вақте ки навбати Амрулло расид, ӯ ба коргоҳи Мигуренко ворид шуда, дар

пешина
аз 263
навбатӣ