Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Писта гиред, амак, шаддаи дароз, пуч надорад...

— Аввал бигӯ, ки об дорӣ? — пурсид марде, ки паси пуштаҳо рафта буд.

— Ҳа, оби чашма, тоза, ман ҳозир...

Писарак даҳ метр онсӯтар аз ақиби харсанге чойники обро гирифта овард.

— Канӣ, бирез, даст шӯем. Аҳ, аҳ, аҳ! Оби чашма маҳрами ҷон. Чашма аз ин ҷо дур аст? — кунҷковӣ кард аз ҷӯмак нӯшида.

— Барои мо, ки одат кардаем, наздик, барои шумо шаҳриён дур аст.

— Пистаат чанд пул, доно?

— Даҳ дирам.

— Даҳ шадда ҷудо кун. Ҳисоби обатро ҳам аз ёд набарор.

— Дар тарафҳои мо обро намефурӯшанд...

— Ҳа... Чанд солай?

— Дувоздаҳ... Чӣ буд?

— Бо писарам баробар будай.

— Бачаатон мактаб мехонад?

— Албатта, вале суст, танбал аст. Ту чӣ? Дар кадом синфӣ?

— Ман... давраи ҷанг дари мактаб баста буд, нуҳ-даҳ сола, ки шудам, кор бисёр шуд, Бузу гӯсфанд, гов, фурсати хондан нест. Баъд мактаби моро муаллим нест гуфта ба қишлоқи дигар кӯчонданд...

— Ҳой рафтем, чӣ бо як ваҷаб кӯдаки кӯча лаққида мешинӣ...

пешина
аз 184
навбатӣ