Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳозир, як дақиқа, — ҳамсӯҳбати писарак пулро дароз карда сӯи мошин рафт.

— Амак, амак, ин пулатон зиёд!

Саломат бош! — шунавида тавонист писарак ва дар ҷое, ки навакак мошини сафед меистод, акнун ҷангу ғубор ҳалқа мезад.

Одамон ҳар хел мешаванд, мегӯяд падараш. Вай моҳе ду бор соатҳои се-чор аз хобаш мехезаду яке аз гӯсфандҳои фарбеҳро сар мезанад, каллаю почаашро ҷудо, буғум-буғум бо корд майда мекунад ва ба хӯрчин андохта, ҷониби шаҳр назди кӯҳнаошноҳои шонафурӯшу кордфурӯшаш мебарад. Аз рӯйи гуфташ, арзонтар, ки медиҳад, се-чор кас ҷамъ шуда, байни худ гӯсфанди бутунро тақсим мекардаанд... Бегоҳтар хӯрчинаш пур, албатта меояд, аммо аз падараш умед нест, аниқ, ки ин дафъа ҳам гуфтаи писаракро иҷро намекунад...

Як жигулии сурх омада истод. Ронанда аз бағоҷаш обро гирифта ба радиатор рехт. Писарак тозон пеши онҳо рафт. Ду нафар даруни мошин баҳс доштанд.

— Амак, писта...

— Амак! амак! чӣ мегӯӣ? Рав аз назарам дафъ шаф!..

Писарак ҳарфе нагуфта ба ҷои худ баргашт.

Писарак гоҳҳо ҳайрон мемонду фикр мекард, ки дар ин дунёи кӯчаки роҳи ӯ касе касеро намешиносад, касеро ба касе коре нест, ҳама бегонаанд. Барои он, ки худро андармон созад, алафи лухчит ва саросема нашуда кӯлоҳ бофт, он қадар хушрӯю

пешина
аз 184
навбатӣ