Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Мошинҳои гуногуни ранг ба ранг босуръат мегузаштанд, ташвишу тараддуди шодиовар, ба таври дигар гӯем, зиндагии ҳақиқӣ шурӯъ мегардид. Ба шарте, ки ин ё он мошинсаворон таваҷҷӯҳе карда биистанд. Писарак мусофиронро медиду ҳамеша ҳавас мекард, ки ана, онҳо ҷониби шаҳр равонанд, ё баъди тамошои шаҳр сӯйи хонаашон бармегарданд. Хусусан ба бачаҳои ҳамсолаш аз дилу ҷон ҳасад мебурду худро таскин медод, ки андакандак, ки пул ғун кард, падараш ҳатман ӯро ба шаҳр мебарад. Мегӯянд, ки шаҳр серодам, пургавғо аст, биноҳои баландаш бисёр, мағозаҳои хел ба хел дорад, ба ҳадде, ки одами деҳотӣ ҷуръати даромадан намекунад. Писарак пайи бузу гӯсфандашон тал ба тал масофаҳои дурро тай кардасту вале ҳанӯз шаҳрро надидааст.

Риштаи хаёли ӯро "Волга"-и сафед бурид. Марди қоматбаланди костюмпӯше аз ҳама пеш фаромаду ҷониби пуштаҳо рафт. Ронандаву ду одами дигар берун шуда, аввал ҳамёза кашиданд, сони миёни худро тоб доданд. Писарак фурсатро ғанимат дониста, як қабза ҳазориспандро даргиронд.
Қуттии тунукагии сип-сиёҳи дудолудро таги мошин бурд, чархҳоро ирим кард. Ин ҳангом соҳиби мошин бепарвоёна гуфт:
– Э ҷӯра, биё, ақаллан дар ҳамин ҷо ғам надеҳ...
– Роҳи сафед ба шумо, аз таги мошинатон доим шамол гузарад...

Писарак қуттии ҳазориспандро як сӯ гузошту
халтаашро пеш овард.

пешина
аз 184
навбатӣ