МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Тарбия категорияи доимӣ аст, вале мазмун, шакл ва методҳои он бо дигаргун шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир меёбад.
Хусусияти хоси тарбия нисбати дигар омилҳои инкишофи шахсият дар он аст, ки тарбиятдиҳанда шуурона мақсади муайян мегузорад ва барои ноил шудан ба он саъю кӯшиш намуда, воситаҳои амалӣ гардонидани мақсадро пайдо мекунад.
ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФАННИ ПЕДАГОГИКА
Вазифаи тафсирӣ: вазифаи мазкур аз он иборат аст, ки далелҳо, ҳодисаҳо, равандҳои педагогиро тафсир менамояд, равшан менамояд, ки дар кадом вазъиятҳо, барои чӣ ҷараёни тарбия мегузарад. Натиҷаҳои таҳқиқ — қонунҳо ва принсипҳои педагогӣ, назарияҳо, консепсияҳо буда онҳоро тадқиқотҳои фундаменталӣ медиҳанд.
Вазифаи дуюм ислоҳотӣ, амалӣ, таҷрибавӣ мебошад, дар асоси маълумотҳои (фундаменталӣ) асосии бунёдӣ, педагогӣ ташкил дода мешавад. Олимон чунин меҳисобанд, ки дастовардҳои паҷӯҳиш бояд системаҳо, технологияҳои педагогӣ бошад.
Масалан, дар педагогика муайян намудани ҳодисотҳо, назарияҳо ба бунёди системаҳо, методҳо, технологияи педагогӣ меоварад.
Вазифаи дурнамоӣ, пешгӯӣ, пешбинӣ намудани инкишофи минбаъдаи мактаб, маориф таълиму тарбия.
Дар зумраи вазифаҳои фанни педагогика, вазифаҳои тарбиявӣ маърифатии онро қайд кардан мумкин аст.
Натиҷаҳои таҳқиқи педагогӣ назарияҳо, системаҳо ва технологияҳои педагогӣ, пешбинӣ намудани дурнамои педагогӣ мебошанд, ки дар шаклҳои маърӯзаҳо, мақолаҳо, китобҳо дастурҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.
Асоси методологияи фанни педагогика фалсафаи диалектию материалистӣ мебошад. Материализми диалектикӣ дар фаҳмиши олам аз мавқеи қонунҳои диалектикӣ, олами воқеӣ будани материя ва ғайра назар менамояд.
Дар педагогикаи материалистӣ низоми асосӣ детерминизми ҳодисаҳои педагогӣ, таълимот дар бораи моҳияти иҷтимоии шахсият, муносибати системавӣ ба назарияи дониш ва фаъолият, муносибати фаъолиятнокӣ дар назарияи тарбия мебошад.
Ҳар фан мавзуи тадқиқотии худро дорад. Педагогика низ мавзуи тадқиқотии худро дорад. Мавзуи онро тарбия, яъне чӣ тавр ба меҳнат ва ҳаёту зиндагӣ омода кардани насли наврас ташкил медиҳад.
Мавзуи тадқиқоти педагогика аз он робитаҳои қонуние, ки байни инкишофи шахсият ва тарбия вуҷуд доранд ва дар ҳамин асос масъалаҳои назарӣ ва фаъолияти тарбиявӣ кор карда мешаванд, иборат аст. Яъне, мавзуи тадқиқоти педагогика моҳияти инкишоф ва ташаккули шахсияти инсон ва дар ҳамин асос муайян кардани назария ва методикаи тарбия ҳамчун раванди муташаккилонаи махсуси педагогӣ мебошад.
Чунин саҳеҳӣ нисбати мавзуи педагогика ҳам барои муҳаққиқ ҳам барои омӯзгор ҳам оид ба ҳамаҷониба сарфаҳмравии раванди инкишофи шахсият, инчунин робитаи тарбия мушаххас муайян мегардад.
Ҳамин тавр, мавзуи педагогика на фаъолияти маълумот, таълим, тарбия, балки равонакунии таъсиррасонӣ ба инкишоф ва ташаккулдиҳии шахсият ҳангоми таълим, маълумот ва тарбия мебошад.
Дар инкишофи шахсият пеш аз ҳама бештар ба ҳолати руҳии шахс эътибор дода мешавад. Зеро ташаккули олами ботинии шахс ба рафтору муносибати вай вобаста аст. Агар таъсирбахшии тарбия чунончи, омӯзиши хониш ба шахсият таъсири мусбӣ расонад, ба вай завқу шавқ бедор мекунад, пеш меравад ва агар баръакс ин таъсирбахшии тарбия таъсири манфӣ расонад, вай ба ин эътибор намедиҳад, бинобар ин роҳи таъсиррасониро бояд ба харҷ дод. Коркарди ин ғояро инкишофи назарияи педагогика ва методикаи тарбия пеш меронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё