МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МАФҲУМҲОИ АСОСИИ ПЕДАГОГИКА: ТАРБИЯ, ТАЪЛИМ, МАЪЛУМОТ, ИНКИШОФ
Илми педагогика чун дигар илмҳо мафҳумҳои асосии худро дорад: инкишоф, маълумот, таълим, тарбия.
Инкишофи шахсият мувофиқи консепсияи диалектика аз раванди дигаргунии миқдорӣ ва сифатӣ иборат буда, аз давраи тавлиди фард то нафаси охирини шахс тибқи қонунияти анатомӣ-физиологӣ ва руҳӣ (психилогӣ) сурат мегирад. Инкишоф аз амалиёти паст ва баланд, аз оддӣ ба мураккаб, аз номукаммал ба мукаммалӣ ноилшавии ҷисмонӣ ва руҳии шахс аст.
Инкишофи инсон — ин раванди ташаккулёбии он фард, ки тавассути таъсири омилҳои зоҳирӣ ва ботинӣ, идорашаванда ва табиӣ рух медиҳад.
Инкишофи руҳӣ, ҷисмонӣ ва умумии шахсиятро бояд фарқ кард. Дар тахти инкишофи руҳӣ (психологӣ) рушди зеҳнӣ, ирода, эҳсос, инчунин талабот, қобилият ва феълу атвори шахсият фаҳмида мешавад. Икишофи ҷисмонӣ рушди организм:
мушакҳо, қаду қомат, гардиши хун, мутаҳаррикии банду буғумҳо ва ғайраро ифода мекунад. Инкишофи умумӣ рушди муштараки руҳиву ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва дигар ҷиҳатҳои шахсиятро фаро мегирад. Шахсият ин натиҷаи қонунии таъсиррасонии мутақобили омилҳои зиёд. Қисме аз ин омилҳо новобоста ба ирода ва шуури шахс каму беш таъсир мекунад. Ба ин табиати биологии шахс, дараҷаи қонунии болоравии истеҳсолот, муносибати иҷтимоӣ, ҳодисаҳои психологияи иҷтимоӣ (талқинёбӣ, тақлидкунӣ ва амсоли инҳо), шаклҳои робитаи байниҳамдигарӣ, шароити микромуҳит дохил мешаванд.
Омилҳои дигаре, ки ба ирода ва шуури одамон кам ва ё беш вобастагӣ доранд, ин идеология, фаъолияти созмонҳо, давлат, муассисаҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Ниҳоят гурӯҳи саввуми омилҳо — ин инкишофи муташаккилона аст. Дар инкишофи муташаккилона донишу ҳунарҳое дар як муддати кӯтоҳ ёд дода мешаванд, ки дар такомулоти онҳо гузаштагон давру замонҳои тулонӣ ба харҷ додаанд. Чунончи, хонандагон дар мактаб қоидаҳои грамматикии забонро дар муддати муайян (7–9 сол) меомӯзанд. Ҳол он ки барои мукаммалу такомулоти он мутахассисон асрҳои аср сарф кардаанд. Ҳамаи ин омилҳо дар маҷмуъ ташаккули шахсиятро таъмин мекунад.
Маълумот — раванд ва натиҷаи азхудкунии системаи донишҳои илмӣ, маҳорату малакаҳои маърифатӣ ва дар асоси онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва дигар сифатҳои шахсият, инкишофи қудрату қобилияти эъҷодии хонандагон.
Дараҷаи маълумот таҳти қобилияти худомӯзии мунтазам ва сермаҳсулии ин ё он соҳаи фаъолияти иҷтимоии шахс намоён мегардад. Маълумот тавассути фаъолиятҳои зерин ҳосил мешавад: худомӯзӣ, таҳсил дар курсҳо, лекторияҳо, ахбори оммавӣ, дар истеҳсолот ва ғайра. Аммо роҳи дуруст ва боэътимодноки маълумотгирӣ ин таълими мунтазами муташаккилона аст. Дараҷаи маълумотнокӣ гуногун мешавад: ибтидоӣ, миёна, олӣ. Маълумотнокӣ ба ину он қисмати дониш, мавзуъ ва ё ягон масъала низ мансубият дошта метавонад: маълумот дар бораи ҷумла, маълумот оиди обу ҳаво, малумот дар бораи ашхос ва ғайра.
Таълим ин раванди мақсаддори якҷояамалкунии омӯзгор ва хонандагон, ки дар он маълумотгирии шахс таъмин мегардад. Фаъолият ва ҳамкории омӯзгору хонандагон барои бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ гардондан ва ҳосил намудани маҳорату малакаҳо, инкишоф додани қобилияти дарккунӣ ва эҷодии хонандагон равона карда мешавад.
Тарбия (парвариш) ба маънои махсуси педагогӣ ин раванд натиҷаи мақсаддори таъсиррасонӣ ба инкишоф, муносибат, хислат, сифат, ақида, эътиқод, тарзи рафтори шахсият дар ҷомеа мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё