Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Нишонаҳои донишҳои педагогӣ баробари ба вуҷуд омадани тарбия ба ташаккулёбӣ сар мекунанд ва оҳиста-оҳиста инкишофу такмил меёбанд. Онҳо ҷамъбаст карда шуда, дар шакли қоидаҳои ҳаётӣ, зарбулмасалу мақол ҳаёт мебинанд. Бисёрии онҳо то замони мо расида, аз авлод ба авлод гузашта, ганҷинаи педагогикаи халқиро ташкил мекунанд.
Дар мамлакатҳои аввалини ғуломдории Шарқи қадим фалсафа, ки донишҳои одамонро дар бораи ҳаёти атроф дар бар мегирифт, ба ташаккулёбӣ сар карда буд. Донишҳои педагогӣ низ қисми таркибии фалсафа буданд. Файласуфони Юнони қадим ба монанди Суқрот, Афлотун, Арасту, Демокрит, мақсади тарбияро бо вазифаҳои сиёсии давлати ғуломдорӣ алоқаманд менамуданд. Тарбия категорияи доимӣ бошад ҳам аз ҷиҳати таърихӣ конкретӣ аст. Тараққиёти ҳунармандӣ ва саноат дар назди ҳаёт талаботи нав гузошт, ки бояд одамони бисёри саводнок тайёр карда шаванд. Дар асрҳои ХV–ХVI шавқу ҳавас ба илму маърифат меафзояд. Масъалаи минбаъда инкишоф додани педагогика ба миён меояд.
Дар ин давра педагогика ҳамчун илми мустақил ба шаклгирӣ шурӯъ мекунад.
Дар ин бобат хизмати педагоги бузурги чех Ян Амос Коменский (1592–1670) калон аст. Вай дар бораи маълумоти умумӣ масъала гузошт, системаи тарбияро кор карда баромад, гузориши раванди таълимро дар мактаб ба таври чуқур асоснок кард.
Асари ӯ « Дидактикаи бузург» аз аввалин асарҳо оид ба назарияи педагогика буд.
Дар Осиёи Марказӣ аз асри Х саркарда асарҳо дар бораи таълиму тарбия ба вуҷуд омада буданд. Ба монанди «Рӯшноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хисрав, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ, «Футувватномаи сул тонӣ», «Ахлоқи мӯҳсинӣ» ва «Рисолаи хотамия»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳо.
Системаи педагогии омӯзгор, олими бузурги рус К. Д. Ушинский (1824–1871) низ аз бисёр ҷиҳатҳо нав буд. Вай кӯшиш мекард, ки педагогикаро дар асоси илмҳои дар бораи инсон дида барояд. Ӯ маълумотҳои анатомия, физиология ва психологиро васеъ истифода бурд. К. Д. Ушинский муаллифи асарҳои зерин аст: «Инсон ҳамчун предмети тарбия», «Олами бачагон», «Забони модарӣ».
Дар бунёди педагогикаи шӯравӣ В. И. Ленин, Н. К. Крупская, Л. В. Луначарский, А. С. Макаренко фаъолона иштирок кардаанд.
Системаи педагогӣ ва фаъолияти педагогӣ ҳамчун мавзуи омӯзиши фанни педагогика ба ҳисоб меравад. Системаи педагогӣ ин маҷмуи воситаҳо, методҳо ва равандҳо мебошад, ки баҳри бунёди маводҳои таъсирбахши педагогӣ ба ташаккули шахсияти дорои сифатҳои дилхоҳ нигаронида шудааст.
Имрӯз илми муосир шаш ҷузъи бо ҳам пайвасти сохти системаи педагогиро муайян кардааст: хонандагон, мақсади тарбия (таълим), мазмуни тарбия (таълим), ва равандҳои педагогӣ, омӯзгор, шаклҳои ташкилии фаъолияти педагогӣ. Ҳамин тавр, таҳқиқ, ба нақшагирӣ ва коркарди системаи педагогӣ мавзуи омӯзиши фанни педагогика мебошад. Фаъолияти педагогӣ ҷузъҳои зеринро дарбар дорад: мақсадҳои ба нақшагирӣ коммуникативӣ (омӯзгор — хонанда), ташкилотчигӣ (ҷараён ва шаклҳо) ихтироъкорӣ, донишдиҳӣ (омӯзгор).

пешина
аз 142
навбатӣ