МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МаорифТаҳсилот
Аз аввал хонданМавриди коркарди назария ва методикаи тарбия педагогика амиқии механизм, инкишофи шахсият, раванди махсус ташкилкардашудаи тарбияро, ки аз зарурияту талаботи ҷомеа ба миён меояд, бояд омӯзад.
Ин имконияти баҳисобгирии масъалаҳои умдаи назарӣ ва тадқиқотиеро медиҳад, ки фанни педагогика бо онҳо сарукор дорад. Ба ин масъалаҳои зайл шомил мешаванд:
- Омӯхтани моҳият ва қонуниятҳои инкишоф ва ташаккули шахсият дар шароитҳои махсус ва ташкилкардашудаи тарбия; 2) Муайян кардани мақсади табия; 3) Кор кардани мазмуни тарбия; 4) Тадқиқи методҳои тарбия.
Педагогика фанни назариявӣ ва амалӣ буда, масъалаҳои тарбия, таълим ва маълумотро меомӯзад. Педагогика ҳамчун назарияи тарбияи бачагон инкишоф ёфтааст. Педагогикаи муосир масъалаҳои таълиму тарбиявӣ маданию маърифатии калонсолонро низ дар бар мегирад.
ТАЪЛИМОТИ ПЕДАГОГИИ Я. А. КОМЕНСКИЙ
Дар шаклгирии педагогика ҳамчун илми мустақил саҳми педагоги бузурги чех Ян Амос Коменский (1592–1670) хеле калон аст. Вай дар бораи маълумоти умумӣ масъала гузошт, системаи тарбияро кор карда баромад, гузориши раванди таълимро дар муассисаҳои таълимӣ пурра ва ҳаматарафа асоснок кард. Коменский дар асари машҳури худ «Дидактикаи бузург» баробари ҳама бояд омӯхт «дар доираи»
«ахлоқи умумӣ ташаккули феълу хӯ»-ро ҳатмӣ мешуморад. Ӯ тавассути асари безаволаш «Дидактикаи бузург» (1632) дидактикаро ҳамчун илм ба таври васеъ шиносонидааст. Ин китоб ба бисёр забонҳо тарҷума шуд ва номи Коменскийро дар олам машҳур гардонид.
Таълимоти педагогии Коменский алалхусус асари машҳури вай «Дидактикаи бузург» бо фикри тарбияи дуруст аз ҳар ҷиҳат, бояд бо табиат монанд бошад, саршор мебошанд.
Фикрҳои амиқи назариявие, ки мо дар «Дидактикаи бузург» дармеёбем, дар асоси фаъолияти шахсии омӯзгории худи ӯ ва таҷрибаи пешқадами давр ба вуҷуд омадаанд. Вай ин таҷрибаи педагогиро аз ҷиҳати философӣ асоснок кунонид.
Меҳнати асоситарин дар назарияи педагогии Ян Амос Коменский асосан «Дидактикаи бузург» ба ҳисоб меравад. Дар замони худ ин асар китоби рӯйимизии омӯзгорон буд. Номи пурраи китоб чунин мебошад: Дидактикаи бузург, санъати омӯзиши ҳамаро ба ҳамаи чиҳоро меомӯзад, воситаи сохтани мактабҳо дар ҳамаи обшинаҳо, шаҳрҳо ва деҳоти давлати хрестианӣ, ки тамоми ҷавонон бе ягон монеагӣ фанҳои гуногунро омӯзанд, такмил ёбанд, ба ҳозира ва оянда тайёр шаванд.
Ян Амос Коменский дар инкишофи фикрҳои педагогӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар ҷаҳон нақши муассир дорад. Китобҳои дарсии ӯ — «Дари кушодаи забонҳо ва тамоми илмҳо» ва «Олами ашёҳои ба воситаи суратҳои эҳсосшаванда» ба бисёр забонҳо тарҷума шудаанд, дар аксар мамлакатҳо, аз ҷумла дар Россия ҳам васеъ паҳн шуда, барои таълими ибтидоӣ беш аз 150 сол беҳтарин китобҳои таълимӣ ба шумор мерафтанд ва барои педагогҳои пешқадам дар тартиб додани китобҳои дарсӣ ҳамчун намуна хизмат мекарданд.
Коменский дар соҳаи дидактика навовар буд. Вай як қатор ғояҳои пешқадами дидактикӣ, принсипҳо ва қоидаҳои ташкили кори таълимиро пеш рондааст. Барои мустаҳкам намудани донишҳо ва такрори маводҳои азхуднамудаи хонандагон аҳамияти калон дорад. То ҳол муассисаҳои таълимии мамлакатҳои гуногун аз рӯи тавсияҳои ӯ амал менамоянд Чуноне ки Лейбнитс қайд намудааст, чӣ тавре, ки Декарт ва Бэкон дар инкишофи философия ва Коперник дар инкишофи астрономия мақом доранд, Коменский ҳам дар инкишофи педагогика ҳамон навъ мавқеъ дорад. Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки ҳар назарияе, ки Коменский дар соҳаи педагогика дода буд (идеяи таълими умумӣ, мактаби ягона, таълими шашсола дар мактаби ибтидоӣ, принсипҳо ва қоидаҳои дидактикӣ), хеле бо оҳистагӣ ба худ роҳ меёфтанд. Бисёр фикрҳое, ки педагоги бузург аз замони худ пеш гузашта, дар бораи онҳо орзу карда ва мужда расонида буд, дар амалияи мактабҳо фақат пас аз дуним аср дохил гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё