Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Қонунияти идоракунии раванди таълимӣ-тарбиявӣ. Муфидона таъсирбахшии педагогӣ вобаста аз: а) сермаҳсулии алоқаи бозгашт байни хонанда ва педагог; б) бузургӣ, хулқ ва бо асоб будани таъсири ислоҳкунӣ ба тарбиягиранда.
  2. Қонунияти ҳавасмандгардонӣ. Маҳсулнокии раванди педагогӣ аз инҳо вобаста: а) амалӣ ботинии мотивҳои фаъолияти таълимӣ — тарбиявӣ; б) сермаҳсулӣ, хулқ ва ҳавасмандии зоҳирии бамаврид.
  3. Қонунияти ягонагии ҳисси мантиқӣ ва амалӣ дар раванди педагогӣ. Самаранокии раванди таълимию тарбиявӣ вобаста аз: а) сермаҳсулӣ ва сифат аз ҳисси фаҳмидагирӣ; б) мантиқан дарк кардани фаҳмидагирӣ; в) мантиқан истифодабарии чизи даркшуда.
  4. Қонунияти ягонагии фаъолияти зоҳирӣ (педагогӣ) ва ботинии (фаҳмидагирӣ). Афзалияти раванди педагогӣ вобаста аз: а) сифати фаъолияти педагогӣ; б) сифати фаъолияти шахсӣ дар таълиму тарбияи хонанда.
  5. Қонунияти аз раванди педагогӣ вобаста. Ҷараён ва натиҷаи раванди таълимӣ-тарбиявӣ вобаста аз: а) талаботи ҷомеа ва шахсият; б) имконият (моддӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва ғ.), ҷомеа; в) шароити ҷоригардии раванд (маънавӣ-руҳӣ, санитарӣ-гигиенӣ, эстетикӣ ва дигарҳо). Барои амиқ омӯхтани алоқамандии амалкунандаи раванди педагогӣ тадқиқот давом дорад.
    Раванди педагогӣ — фаъолияти алоқаманди муташаккилона ва мақсадноки омӯзгорону тарбиягирандагон мебошад.
    Пешравии ҷараёни педагогӣ, муваффақиятҳо, комёбиҳои он ба муносибатҳо ва ҳамкории тарбиятгар, тарбиятгиранда вобаста аст. Ба эътибор гирифтан зарур аст, ки объекти тарбия дар як вақт субъекти тарбия ҳам мебошад. Миёни объект ва субъекти тарбия алоқаҳои гуногун ба вуқуъ меоянд, ки аз ин ҳамкориҳо муваффақияти ҷараёни педагогӣ вобаста аст:
  6. Алоқамандии ахборотӣ (бо ҳам ахборотдиҳии тарбиятгар ва тарбиятгиранда); 2) Амалиёти якҷоя (ҳамкорӣ); 3) Муносибатҳои коммуникативӣ; 4) Идоракунӣ ва худидоракунӣ.
    САВОЛ ВА СУПОРИШ:
  7. Мафҳуми «Раванди педагогӣ» ва «Яклухтии раванди педагогӣ»-ро шарҳ диҳед 2) Раванди педагогӣ чист?
  8. Мақсади раванди педагогӣ аз чӣ иборат аст?
  9. Барои ташкили раванди педагогӣ кадом донишҳоро зарур мешуморед?
    2.11. Қисматҳои таркибии раванди педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Вобастагии қисматҳои таркибии раванди педагогиро бо мисолҳо исбот мекунанд.
    • Вазифаҳои омӯзгорро вобаста ба марҳилаҳои раванди педагогӣ муайян менамоянд ва татбиқ карда метавонанд.
    Нақша:
    • Вазифаҳҳои ҳои раванди педагогӣ.
    • Марҳилаҳои раванди педагогӣ.
    Ҳар як амалиёт, чӣ тавре, ки маълум аст, мақсад, воситаҳо ва натиҷа дорад. Аз ин ҷо, қисмҳои таркибии фаъолияти педагогӣ ва худи раванди педагогиро равшан намудан мумкин аст: ба монанди мақсади он, шаклҳо, методҳои таълиму тарбия ва ғайра. Раванди таълим ва тарбия минбаъд ба худтарбиякунӣ ва худомӯзӣ табдил меёбад.
    ВАЗИФАҲОИ РАВАНДИ ПЕДАГОГӢ
    Ҷараёни таълим ва тарбия баробари бо ҳам алоқаманд ва вобаста будан, инчунин аломатҳои ба худ хос доранд, маълум аст, ки раванди таълим вазифаи тарбиявиро ҳам дорад, ҷараёни тарбияро бошад бе таълими тарбиягирандагон тасаввур карда намешавад. Дар ҷараёни педагогӣ, яъне дар раванди таълим ва тарбия се вазифаи асосиро дар амал иҷро менамоянд: маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ, инкишоф додан.
пешина
аз 142
навбатӣ