МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Хусусиятҳои равандҳо дар вақти интихоби шакл ва методҳои ноилгардии мақсад равшан мегардад. Агар дар омӯзиш бо ҷиддият батанзимории шакли дарси синфӣ, дар тарбия бошад, бештар шаклҳои озоди корҳои бартаридошта — фоиданоки ҷамъиятӣ, спортӣ, фаъолияти бадеӣ, ташкили гуногуни алоқа, меҳнати ҳадди ақалро истифода мебаранд. Методҳо дар асоси худ дар ягонагии ноилшавӣ ба мақсад фарқ доранд: агар омӯзиш бештар воситаҳои таъсиррасонии зеҳниро дар тарбия ҳам онҳоро инкор накарда, бо майлу рағбат ба таъсирбахшии руҳӣ истифода мебаранд. ҳамчунин методҳои назорат ва худназоратӣ дар умури таълиму тарбия хусусияти умумӣ доранд.
Алахусус тамоми равандҳои таълимӣ ва тарбиявӣ хусусиятҳои яклухтии раванди педагогиро ифода мекунанд.
Қонуниятҳои раванди педагогӣ. Дар қонуният, ёдовар мешавем, ки алоқамандии объективӣ, зарурат, воқеият, такрорёбӣ инъикос меёбад. Ҳатто бидуни тадқиқоти махсус гуфтан мумкин, ки бо ҳамин мураккабӣ, системаи калон ва динамикиаш раванди педагогӣ алоқамандии гуногуни зиёд ва вобастагӣ зоҳир мекунад.
Монанди ин системаҳо дар даҳҳо қонунияти дигар тасвир карда намешавад.
Маълум, ки барои омӯхтани алоқаи намуди муайян система ҷудо карда мешавад, ки дар онҳо ин алоқамандӣ бештар равшан мегардад. Тадқиқоти ҳамаи алоқаҳо барпо намудани системаҳои зиёдро талаб мекунад. Тасаввуроти умумӣ дар бораи алоқаҳои муҳими раванди педагогӣ система медиҳад. Раванд дар сатҳи қисмати калон ва алоқаи байни онҳо таҳлил карда мешавад.
Раванди педагогӣ (таълиму тарбия) ҳодисаи мустақил буда, дорои қонуниятҳои ба худ хос мебошад, ки ягонагии онро ифода менамояд:
- Ҷараёни педагогӣ, мақсад, вазифаҳо, мазмун, шаклҳо ва методҳои он ба талаботҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият вобаста аст.
- Вазифаҳо, мазмун ва шаклҳои ҷараёни педагогӣ, на фақат аз талаботҳои ҷамъиятӣ аз он ҷумла аз имкониятҳои ҷамъият, аз вазъияте, ки дар он ба амал бароварда мешавад, вобаста аст.
- Дар ҷараёни педагогӣ, раванди таълим, маълумот, тарбия ва тараққиёт бо ҳам алоқаманд мебошад, аз он ҷумла бо ҳам алоқамандии ҷараёни тарбия ва худтарбиякунӣ, ҷараёни роҳбарии педагогӣ ва худфаъолиятии тарбиятгарандагон дида мешавад.
-
- Мақоми муайянкунандаи фаъолият ва муносибат дар тарбия ва таълим.
Бо ҳам алоқамандии мақсаду вазифаҳо, мазмун, шаклҳо ва методҳо дар раванди педагогӣ.
- Мақоми муайянкунандаи фаъолият ва муносибат дар тарбия ва таълим.
- Бо ҳам алоқамандии коллектив ва шахсият дар раванди педагогӣ Дар байни қонунияти раванди педагогӣ инҳоро нишон додан мумкин аст:
- Қонунияти динамикии раванди педагогӣ. Бузургии ҳамаи дигаргуниҳои минбаъда аз бузургии дигаргуниҳои давраҳои пештара вобаста аст. Ин ба он маъно, ки раванди педагогӣ ҳамчун инкишофёбии ҳамкории байни педагог ва тарбиягирандагон таҳти мавҷудияти хислати тадриҷан ҳар қадар болоравии ноилшавӣ байни ҳамон қадар вазнбардории натиҷаи охирин аст.
Натиҷаи амали қонун дар ҳар қадам ба хонанда барои комёбиҳои баланд имкон медиҳад. - Қонунияти инкишофи шахсият дар раванди педагогӣ. Суръат ва сатҳи ноилшавии инкишофи шахсият аз инҳо иборат аст: а) ирсият; б) муҳити тарбиявӣ ва таълимӣ; в) дохилгардӣ ба фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ; г) истифода бурдани воситаҳо ва тарзи таъсирбахши педагогӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё