
Олами Афсонаҳо
Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.
ЛИБОСҲОЯМ ҚАҲР КАРДАНД
Буд, набуд, писараке буд. Номи ӯ Анвар буд. Вай либос пӯшиданро дӯст намедошт. Дар фасли тобистон бибияш бо азоб ба ӯ либос мепӯшонд. Аммо дар фасли зимистон либос пӯшондани Анвар хеле мушкил буд. – Намехоҳам, намекунам, намепӯшам … – фарёд мезад Анвар ва аз назди бибиаш гурехта мерафт. Боре чунин ҳодиса рӯй дод. Анвар чун ҳамеша бо бибияш бояд ба сайру гашт мебаромад. – Шиматро пӯш, – зорӣ карда гуфт бибиаш. – Намепӯшам! – рад карда дасти бибияшро тела дод. – Барои чӣ? – ғамгин шуд бибӣ. – Шим безеб аст, – ҷавоб дод Анвар. – Ту чӣ гуна шимро мехоҳӣ пӯшӣ? Ман ... Ман... Ман шими сабзи ба монанди баргҳои дарахт пӯшидан мехоҳам, – гуфта, мағрурона ба бибиаш нигарист. Ногаҳон шимаш ба ду шохчаи борики дарахти баргаш сабз табдил ёфт. – Вой, ин чист? – ҳайрон шуд Анварҷон. – Шиме, ки ту мехостӣ, – ҷавоб дод бибӣ. Шохчаҳои дарахт хам шуда, Анварро як шаппотӣ заданд. – Вой, ин шохчаҳо ҷанг мекунанд, – тарсид Анвар. – Аммо ту худат чунин шим мехостӣ, - ҷавоб дод бибӣ. – Камзӯлчаат низ ба ту маъқул нест? - Маъқул нест! Он безеб аст, мехарошад! – Ту чӣ гуна камзӯлчаро пӯшидан мехоҳӣ? – Ман камзӯлчаи нарм, ба монанди пари паранда мехоҳам! – ҷавоб дод Анвар. Ногаҳон камзӯлча бо остинҳояш қанот зада, ба парандаи калон табдил ёфт. Паранда гарданашро дароз карду хост, ки писари гапнодароро нӯл занад. – Вой! Ин мепучад! – тарсид Анвар. – Ту худат чунин камзӯлча мехостӣ, – ҷавоб дод бибӣ. – Комбинезонатро1 мепӯшӣ? – Не. Он тугма ва чангакҳои зиёд дорад, ман дастамро ба остин ва поямро ба почаи шим дароварданӣ нестам! Ман мехоҳам, ки онҳо зинда шуда, худашон поям ва дастамро пӯшонанд! Ба зудӣ комбинезони ӯ зинда шуда, роҳ гашта, остинҳояшро болову поён бардошта, ба Анвар ҳамла кард. – Вой, ин чӣ кор карда истодааст? – тарсид Анвар. – О, худат ҳамин тавр мехостӣ, – ҷавоб дод бибӣ. – Кафшҳоятро пӯшидан намехоҳӣ? – Не, онҳо бандак доранд. Ман онҳоро бастан намехоҳам. Ман мехоҳам, ки онҳо худашон поямро пӯшонанд ва бандак надошта бошанд! Дарҳол бандакҳои кафшҳо ба монанди морчаҳо аз кафш баромада, ба куҷое ғайб заданд. Кафшакҳо ба ду сагча табдил ёфтанд ва забонашонро бароварда, ба тарафи Анвар ҳамла карданд ва ӯро газидан мехостанд. – Вой, онҳо мегазанд! – тарсид Анварҷон. – О, худат ҳамин тавр мехостӣ-ку! – ҷавоб дод бибӣ. – Кулоҳат ҳам ба ту маъқул нест-а? – Не, – мағрурона ҷавоб дод Анвар. – Вай безеб аст, пупакча дорад! Ман мехоҳам, ки онҳо ба монанди хирсча гӯш дошта бошанд! Дарҳол пӯпаки кулоҳ ба монанди тӯбча ҷаҳида, ба куҷое ғайб зад. Кулоҳ ба сари гӯшдори хирс табдил ёфта, ғуррос зад ва гуфт: – Боз чӣ ба ту маъқул нест, бачаи ноуҳдабаро?! Тез либосатро пӯш! Акнун ҳамаи либосҳоят, чи тавре ки худат мехостӣ, ҳамон тавр шуданд! – Бибиҷон, – гиря кард Анвар. – Ман мехоҳам, ки либосҳои куҳнаи ман баргарданд. Онҳоро баргардонед, илтимос! – Чӣ хел ман онҳоро бармегардонам, о, худат онҳоро сеҳр кардӣ. Танҳо ту онҳоро баргардонда метавонӣ. – Шим, камзӯлча, кафшакҳо, кулоҳчаам! – фарёд кард Анвар. – Баргардед, илтимос, назди ман оед! Ман дигар ҳамеша худам либос мепӯшам ва бо бибиам ҷанҷол намекунам! Дарҳол шохчаҳои дарахт ба шим табдил ёфтанд. Баъд парандаи бадқаҳр ба камзулча табдил ёфт. Боронӣ итоаткорона дар назди камзӯлча хобид. Бандакҳои кафшҳо аз куҷое баргаштанд, сагчаҳо аккос заданро бас карда, боз ба кафшҳо табдил ёфтанд. Дар охир пӯпаки кулоҳ баргашта, ба сари хирсак баромад ва хирсак ба кулоҳ табдил ёфт. – Чӣ хел нағз! – шод шуд Анвар. – Салом, дӯстони азизи ман! Шумо хуб ҳастед? Бибиҷон, биё, либосҳоро пӯшем ва ба сайру гашт бароем! Ман бояд ба рафиқонам ин воқеаи аҷоибро нақл кунам.
АФСОНАИ «ҲАФТ ХАЗИНА»
Замоне дар як деҳа писарбачае ба номи Сино зиндагӣ мекард. Ӯ орзу дошт, ки ганҷи бузургеро пайдо кунад. Як рӯз пирамарде ба ӯ гуфт: – Эй фарзанд, ганҷҳо дар табиатанд. Агар ҳафт хазинаро пайдо кунӣ, хушбахт мешавӣ. Сино роҳ ба роҳ шуд... 1. Хазинаи аввал – Об Ӯ ба рӯдхона расид. Об ба ӯ гуфт: – Ман ташнагии одамонро мешиканам. Маро тоза нигоҳ дор, зеро бе ман зиндагӣ намешавад. 2. Хазинаи дувум – Ҳаво Боди нарм вазид ва гуфт: – Ман нафаси ту ҳастам. Агар маро ифлос кунӣ, худат тангӣ мекашӣ. 3. Хазинаи сеюм – Офтоб Офтоб нур бар рӯи Сино рехт ва гуфт: – Ман ба ҳама гармӣ мебахшам. Бе ман на гандум мерӯяд ва на ҷаҳон равшан мешавад. 4. Хазинаи чорум – Замин Сино ба замини сабз расид. Замин гуфт: – Ман модари ҳамаи шумо ҳастам. Сабр кунӣ, ба ту ҳосил медиҳам. 5. Хазинаи панҷум – Гиёҳ Гиёҳи сабзе аз хок баромада гуфт: – Ман бо қуввати худ гуруснагӣ ва бемории шуморо дафъ мекунам. Ман рамзи умедам. 6. Хазинаи шашум – Асал Занбури асал ба ӯ як қатра асал дод ва гуфт: – Ширинии зиндагӣ дар заҳмат аст. Ҳар қатра асал меваи сабру меҳнати ман аст. 7. Хазинаи ҳафтум – Мурғ Мурғе ба осмон парид ва гуфт: – Ман озодиро меомӯзам. Рӯҳи инсон низ бояд поку озод бошад. Сино ҳамаи хазинаҳоро ҷамъ кард. Ба пирамард баргашта гуфт: – Ман ганҷи тилло наёфтам, вале ҳафт ганҷи бузургро дарёфтам: об, ҳаво, офтоб, замин, гиёҳ, асал ва мурғ. Пирамард хандид: – Ҳамин аст ганҷи ҳақиқӣ, фарзанд. Агар онҳоро дӯст дорӣ ва нигоҳ дорӣ, ҳамеша хушбахт мешавӣ. Панд: Ганҷи ҳақиқӣ дар табиат аст ва касе, ки онро ҳифз мекунад, зиндагии ширин ва хушбахт меёбад.
ЗАРРОФАЯКИ СЕБДӮСТ
Буд, набуд, як Заррофача буд. Ӯ нозпарварди модар буду себро хеле дӯст медошт. Ҳатто, дар хобаш себ медид. Як рӯз Заррофача бо модараш ба сайри боғ рафтанд. Заррофача дарахти себро дида, шод шуд. Модарҷон! Ба ман ҳам як себ канда диҳед! – хоҳиш кард Заррофача. Заррофамодар як себ канда, ба Заррофача ҳаво дод. Заррофача чашмонашро пӯшида, даҳонашро калон кушод. Себ хато хӯрда, ба даҳони Заррофача нарасид. Он замон Хорпуште дар ҷустуҷӯи хӯрок мегашт. Себ ба пушти Хорпушт афтид. Хорпушт шодон ба сӯйи хонааш шитофт. – Себам куҷо шуд? – пурсид Заррофача. – Намедонам, – гуфт Заррофа модар. Заррофачаву модараш ба ҷустуҷӯи себ афтоданд. Ҳайҳот! Себ дар ҳеч ҷое набуд. Заррофамодар боз як себ аз дарахт канда, ба Заррофача ҳаво дод. Хорпушти бамазахӯрак боз чолокона себро дошту ба сӯйи хонааш давид... Заррофамодар ӯро дид. Заррофача аз алам гирист. – Себи туро Хорпушт бурд, – гуфт Заррофамодар ба Заррофача. – Гиря накун. Шояд Хорпушт сербача асту бачаҳояш гурусна. Ана, бин, Хорпушт меояд! Хорпушт дар пушт тарбузи калон хандон сӯйи онҳо меомад. Хуш омадӣ! – гуфт Зар рофамодар. Оҳ, тарбуз! Бомаза будагист? – гуфт Заррофача. Марҳамат, гиред! Барои шумо овардам, – гуфт Хорпушт. Ҳар се хушҳолона тарбузро шикамсерӣ хӯрданд. Аз ҳамон рӯз Заррофача дӯсти нав пайдо кард. Акнун ӯ тарбузро ҳам дӯст медошт. Сафияи Носир
ДАР СУРОҒИ ДӮСТ
Буд набуд, як Хорпушт буд. Вай дар канори беша мезист ва танҳои танҳо буд. Танҳоӣ ба дили Хорпушт зад. – Берун рафта, ягон дӯст пайдо мекунам, – гуфт вай худ ба худ. – Зиндагӣ бе дӯст лаззат надорад. Хорпушт дар роҳ як ҳайвони думдарозеро дид. Рангаш заррин, чашмонаш ҳушёр, худаш беқарор буд. «Ана, дӯст ёфтам!» – хурсанд шуд вай. – Салом, дӯстам! – гуфт Хорпушт. – Салом, салом! – ҷавоб дод ҳайвон. Вай рӯбоҳ буд. Рӯбоҳ пурсид: – Сафар ба хайр! Куҷо меравӣ? Хорпушт ҷавоб дод: – Дар суроғи дӯст ҳастам. Шояд ту дӯсти ман шавӣ? Рӯбоҳ ба хаёл рафт. Баъд гуфт: – Афсӯс. Ману ту дӯст шуда наметавонем! – Чаро? – ғамгин шуд Хорпушт. – Метарсам, – ҷавоб дод Рӯбоҳ. – Хорҳоят ба танам мехаланд. – Саломат бош! – гуфт Хор пушт ва роҳашро давом дод. Рафт-рафт, ки боз бо ҷонваре вохӯрд. Танаш мисли чанор бузург буд. Гӯшҳои чун сурфа калону паҳн дошт. Биниаш чун қубур дарозу ғафс менамуд. Пойҳояш чун сутун устувор буданд. «Ана, дӯст ёфтам!» – хурсанд шуд Хорпушт. – Вай фил буд. Салом, дӯстам! – гуфт Хорпушт. – Салом, – ҷавоб дод Фил. – Сафар ба хайр! Куҷо меравӣ? Хорпушт ҷавоб дод: – Дар суроғи дӯст ҳастам. Шояд ту дӯсти ман шавӣ? Фил ба хаёл рафт. Баъд гуфт: – Афсӯс! Ману ту дӯст шуда наметавонем. – Чаро? – ғамгин шуд Хорпушт. – Хорат бисёр аст, – ҷавоб дод Фил. – Метарсам, хорҳоят ба танам мехаланд. Хорпушт ноумед шуд. Саломат бош, гуфту роҳашро давом дод. Рафт-рафт, ки боз бо як ҷонваре вохӯрд. Вай оҳиста мерафт. Пушташ аз санг буд. Нақшу нигор дошт. Алаф мехӯрд. – «Ана, дӯст ёфтам!» – хурсанд шуд Хорпушт. Вай Сангпушт буд. – Салом, – гуфт Хорпушт. – Салом, салом! – ҷавоб дод Сангпушт ва пурсид: – Сафар ба хайр! Куҷо меравӣ? Хорпушт ҷавоб дод: – Дар суроғи ягон дӯст ҳастам. Шояд ту дӯсти ман шавӣ? Сангпушт ба хаёл рафт. Сарашро ба косахонааш даровард. Пойҳояшро дарун кашид. Фиш-фиш нафас кашид. Хорпушт ба худ гуфт: – Ин ҳам бо ман намехоҳад дӯст шавад. Ҳозир аз хонааш баромада мегӯяд: «Хорат бисёр аст. Хорҳоят ба танам мехаланд. Аз хорҳоят метарсам». Ин лаҳза Сангпушт сар берун карду гуфт: – Хорпушти муҳтарам! Ману ту дӯст мешавем. – Оҳ, чӣ хел нағз! – шодӣ кард Хорпушт. Хорпушт суханҳои Рӯбоҳ ва Филро ба ёд овард ва пурсид: – Хорам бисёр нест? Аз хорам наметарсӣ? Сангпушт гуфт: – Дӯстон гуногун мешаванд. Рангу ҷусса муҳим нест. Дӯст барои дӯст бояд аз чизе натарсад! Хорпушт хурсанд шуд. – Фардо ба хонаи ман биё, – гуфт вай. – Ҳар ду пудиначой мехӯрем. Сангпушт ваъда дод, ки меҳмони Хорпушт мешавад. Хорпушт шоду хуррам ба хонааш рафт. Ба хонааш расиду гуфт: – Акнун ман танҳо нестам. Дӯст ёфтам. Дуруст гуфтаанд: ҷӯянда ёбанда аст. Шарифи Муҳаммадёр

Барномасозӣ
Ахбор
Дунё