Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа
Духтар воқеаи шударо гуфта медиҳад.
— Офарин писарам! — мегӯяд табиб, — Шумо марди ҷасур будаед!
Мана ин ними тухмиатонро гашта гиред, бурда дар мамлакататон шинонед, меваашро ба беморҳо диҳед, сиҳат мешаванд! Мана ин доруи дарди чашм, ба чашми падаратон молед, чашмҳояшон бино мешаванд, мана ин тухми гиёҳе, ки аз барги он доруи дарди чашм тайёр мешавад. Инро ҳам бурда коред ва аз баргаш дору тайёр карда, ба кӯрон диҳед, бино шаванд.
— Ман ҳамаи ин гуфтаҳои шуморо, албатта иҷро мекунам, — мегӯяд духтар.
Табиб ба ӯ роҳи тайёр кардани доруро гуфта медиҳаду баъд аз он таклиф мекунад, ки ду — се рӯз меҳмони ӯ шавад. Духтар розӣ мешавад.
Табиб ёру ҷӯраҳояшро ҷамъ карда, чанд рӯз зиёфат медиҳад. Як рӯз яке аз дӯстони наздики табиб ба ӯ мегӯяд:
— Ин меҳмони шумо духтар асту либоси мардона пӯшида аст.
— Не, — мегӯяд табиб, — ин паҳлавон — писарест, ки далерии бемислу монанд нишон дода, чизи дар дунё аз ҳама қиматбаҳоро гирифта овардааст!
— Шумо хато мекунед, вай духтар аст! — мегӯяд дӯсти табиб. — Вақте ки ҳамаи меҳмонон хеста ба хонаашон мераванд, шумо ҷойгаҳи ӯро бо ҷойгаҳи писаратон дар як хона андозед. Баъд дар таги сари ҳар дуяшон як дастагӣ гули садбарги сафед гузоред. Агар духтар бошад, гул пажмурда мешавад, агар писар бошад, ҳеҷ тағйир намеёбад.
Табиб розӣ шуда, гуфтаи дӯсташро иҷро мекунад.
Духтари зирак аз воқеа пай бурда, то нисфи шаб нахобида, бо писари табиб сӯҳбат мекунад, ҳикояю афсона мегӯяд. Баъде ки чашми писарак пӯшида мешавад, шавад, духтар аз ҷояш хеста, гули пажмурда шудагиро аз таги сараш гирифта мепартояд ва оҳистекак ба берун баромада, аз боғи табиб як даста гули тоза гирифта меораду ба таги сараш мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё