Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа
Аммо писари табибро хоб набурда буд.
Вай бо гӯшаи чашми нимпӯшаш ҳамаи ҳаракатҳои духтарро мебинад.
Рӯз шудан баробар, табиб омада, духтару писарро аз хоб бедор мекунад.
Ҳамин ки онҳо аз хона берун мебароянд, аз таги сарашон гулҳоро гирифта мебинанд, ки чӣ хеле ки гузошта буд, ҳамон хел тару тозаанд.
Баъд аз ин духтар ба ватанаш рафтани мешавад. Табиб ӯро бо иззату эҳтироми зиёд гусел мекунад.
Духтар хайрухуш карда, ба роҳ мебарояд. Писари табиб аз падараш иҷозат гирифта, духтарро гусел карда мондани мешавад.
Ҳар ду чанд шабу чанд рӯз роҳ гашта, ба шаҳри духтар мерасанд.
Аз вақти ба кофтукови дору баромада рафтани духтар хеле муддат гузашта буд. Падару модар ва хоҳаронаш хавотир кашида, гумон мекунанд, ки ӯ ба бадбахтие гирифтор шудааст. Як дарди падараш ҳазор дард мешаваду вай аз иҷозат доданаш гаштаву баргашта пушаймон мегардад.
Аммо дар як рӯзи нек духтар сиҳат, саломат даромада меояд ва ғаму андӯҳи хешовандонашро ба хурсандии беканор табдил менамояд.
Духтар тамоми воқеаи аз сараш гузаштаро ҳикоя карда медиҳад ва баъд аз ин доруро гирифта, ба чашми падараш мемолад.
Аҳволи падараш рӯз ба рӯз беҳтар гашта, охир дунёи равшанро мебинад.
Вай гӯё ки аз модар нав ба дунё омада бошад, шод шуда, ба духтар мегӯяд, ки:
— Духтари азизам, дигар фикр намекунам, ки писар надорам, ту кори даҳ писарро адо карда, маро сарфароз кардӣ, илоҳо умрат дароз ва бахт ҳамеша ёрат бошад!
Баъд аз ин писари табиб ба пирамард муроҷиат карда, ба духтар муҳаббати зиёд бастани худро маълум мекунад.
Пирамард ба ин ҷавон низ дил додани духтарашро фаҳмида, бо хурсадӣ ба никоҳи онҳо розӣгӣ медиҳад.
Писари монандӣ падараш донишманди табибу духтари нотарсу қавиирода, зану шавҳар шуда, хушбахтона зиндагӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё