Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бозии «Поездро созед»
Дар ин бозӣ хонандагон ба ду ё се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд. Ба
аъзоҳои ҳар як гурӯҳ супориш дода мешавад, ки аз мисолҳои дар тахтаи синф навишташуда поезд созанд. Нитиҷаи мисолҳо рақамҳои вагонро ифода мекунанд.
Масалан: барои гузаронидани бозии мазкур аз мисолҳои зерин истифода бурдан дар синфҳои якум мувофиқи мақсад аст:

а) 1+01+21 + 15+14+13+1
б) 4-25-42+31+23+14+2
в) 5-35-21+32+15+18-3
г) 9-610-97-52+31+58-4

Бозии «Ки бисёртар моҳи медорад?»

Муаллим ба хонандагон расмеро пешкаш мекунад, ки дар он аквариум ва якчанд нақши моҳиҳое тасвир ёфтаанд, ки дар онҳо мисолҳо навишта шудааст.
Ду нафар хонанда ба назди тахтаи синф баромада, бо иҷозати муаллим ба ҳалли мисолҳо шурӯъ менамоянд. Дар бозӣ ҳамон хонандае ғолиб дониста мешавад, ки мисолҳои дар рӯи моҳиҳо навишташударо дуруст ҳисоб кунад ва микдори зиёди моҳиҳоро ба даст дарорад.

пешина
аз 108
навбатӣ