БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Ба ҳар як хонанда хол гузоштан мувофиқи мақсад аст. Ғолиби бозӣ қаторе дониста мешавад, ки мисолҳоро бехато ва дар муддати кӯтоҳ ҳал карда, соҳиби холи зиёд шуда бошад.
б) Ба хонандагони ҳар як қатор яктоӣ варақи тоза дода, супориш дода мешавад, ки мисолҳои дар тахатаи синф навишташударо дар варақи тоза тез, бехато ва зебо навишта ҳал кунанд. Масалан: Ин бозиро ҳангоми омӯзиши нумератсияи садй чунин гузаронидан мумкин аст:
Ба хонандагони ҳар як қатор яктогӣ варақи тоза дода супориш дода мешавад:
– Кадом қатор рақамҳоро аз 11 то 20 бо тартиб, зебо ва зуд менависад?
Дар ин бозӣ он қатор ғолиб дониста мешавад, ки рақамҳоро мувофиқи шарт навиштааст.
Бозии «Хомӯшона»
Муаллим дар тахтаи синф ададҳои 9, 10, 12, 14, 16, 18-ро навишта, ба хонандагон мақсади бозиро шарҳ медиҳад. Хонандагон хомӯшона ду ададеро пешниҳод мекунанд, ки суммаи онҳо ба ададҳои дар тахтаи синф навишташуда баробар ояд.
Бозии «Ки тезтар ҳисоб мекунад?»
Муаллим бо навбат ададҳои 14, 15, 16, 17, 18, 19-ро дар тахтаи синф менависад ё ки аз рақамҳои бурида истифода бурда, ин ададҳоро ба хонандагон нишон медиҳад. Бачаҳо бошанд мувофиқи шарти бозӣ мисолҳоеро навишта нишон медиҳанд, ки сумма ё фарқи мувофиқро ташкил мекунанд.
Бозии «Ададҳоро ёбед»
Ба аҳли синф 10 - то мисол, ки ададҳои аз 1 то 10 - ро дар бар мегирад нишон дода мешавад. Пас ба назди тахтаи синф хонандагоне, ки дар дасташон ададҳои 1, 3, 5 ва 7 ҳаст, даъват карда мешаванд.
Муаллим ба аҳли синф рӯ оварда мегӯяд, ки тартиби рақамҳои дар дасти хонандагон бударо аз назар гузаронида, рақамҳои партофтаро ёбед. Ин бозӣ барои бо тартиб ҷойгир намудани ададҳо ва хондани онҳо ёрии калон мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё