Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Доварон нишонҳои расидаро ба ҳисоб гирифта, дар охир натиҷаашро ҷамъбаст мекунанд.
Дар ин бозӣ кадом гурӯҳе, ки бещтар хол гирифт ғолиб дониста мешавад.
Муаллима метавонад аз рӯи натиҷаи холҳо саволу ҷавоб гузаронад.
Ба бачаҳо савол дода, аз онҳо мепурсад:
– Гурӯҳи чап аз гурӯҳи рост чандто зиёдтар хол гирифт?
– Гурӯҳи рост аз гурӯҳи чап чандто камтар хол гирифт?
– Кӣ аз рӯи натиҷаи холҳо масъала тартиб медиҳад?

Бозии «Тез гӯй, бехато гӯй»
Ин бозӣ ба монанди тезгӯяк сурат мегирад. Дар ин бозӣ ду нафар хонанда иштирок мекунанд. Бо супориши муаллим як хонанда ададҳои ҷуфти аз 1 то 20 (миқдори ададҳоро зиёду кам гирифтан мумкин), дигаре ададҳои тоқи онро бо навбат (мегӯянд) такрор мекунад. Дар ин бозӣ ҳамон хонанда ғолиб мебарояд, ки супоришро ба ягон монеа, тез, бурро, бехато ва беист иҷро карда тавонад.

Бозии «Саволҳо ёбед»
Барои гузаронидани ин бозӣ аз суратҳои китоби дарсӣ, сурати расмҳои гуногун аз маҷмуи расмҳое, ки барои инкишофи нутқ пешбинӣ шудаанд, истифода кардан мумкин аст.
Шарти бозӣ:
Ду хонандаи ба назди тахтаи синф даъватшуда мусобиқа мекунанд.
Онҳо ба навбат ба якдигар савол медиҳанд, хонандагони дигар онҳоро назорат мекунанд, то савол такрор нашавад. Муаллим бо навбат хонандагонро барои ба саволи мусобиқачиён ҷавоб додан даъват мекунад. Ҳамон хонанда бозиро бой медиҳад, ки саволро такрор кунад, саволи нав ёфта натавонад.

Бозии «Эстафета»
Ин бозӣ вариантҳои гуногун дорад.
а) Дар ин бозӣ шумораи муайяни хонандагон ё тамоми аҳли синф иштирок карда метавонанд. Муаллим тахтаи синфро ба се қисм ҷудо карда, мувофиқи шумораи хонандагон мисолҳоро дар тахтаи синф пешакӣ навишта мемонад. Ин бозиро ҳангоми такрор ё мустаҳкамкунии бобҳои алоҳидаи китоби дарсӣ гузаронидан мувофиқи мақсад аст.

пешина
аз 108
навбатӣ