Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бозии «Самти ҳаракати тайёраро муайян купед»
Барои гузаронидани ин бозӣ муаллим пешакӣ нақшаро дар варақаҳо ё тахтаи синф тайёр менамояд. Вале набояд самти тирчаҳо нишон дода шавад. Тирчаҳоро худи хонандагон муайян менамоянд.
Омӯзгор се нафар хонандаро аз ҳар як қатор ба назди тахтаи синф даъват мекунад. Ин хонандагон нақши сарнишини тайёра (лётчик)-ро иҷро мекунанд. Онҳо тайёраҳои худро ба самтҳои муайян, аз рӯи намунаи рақамҳо меронанд, ки ба ҳар кадомашон сетоӣ ҷавоб дода шудааст. Яке аз ин ҷавобҳо дуруст буда, ду ҷавобҳои дигари нишондодашуда нодурустанд. Лётчикҳо бояд самти худро бо воситаи тирчаҳо муайян кунанд.
Супоришҳо аз поён ба боло иҷро карда мешаванд.

Аъзоёни ҳар як гурӯҳ ба лётчики худ агар хато кунад ёрӣ мерасонанд. Дар охири бозӣ ҳамон хонандагоне беҳтарин лётчикҳо дониста мешаванд, ки тайёраи худро ба самтҳои муайян аз рӯи мисолҳои додашуда муайян карда тавонанд.

Бозии «Кӣ бисёртар мева ҷамъ мекунад?»
Муаллим дар тахтаи синф расмеро меовезад, ки дар як тарафи он расми меваҳо тасвир ёфта, дар тарафи дигараш мисолҳо навишта шудааст.

пешина
аз 108
навбатӣ