ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Ҳоло ҳастем бегона,
Чӣ мекунӣ баҳона.
Сурху сафед рӯи ту,
Қадаки дилҷӯи ту.
Остинаки дарозат,
Бо кӣ мекунӣ нозат.
ДУХТАРАКИ НАЙНАВОЗ
Духтараки найнавоз,
Навози найро ту соз.
Қадат гардам ҷонакам,
Шунгак кашӣ беовоз.
Ту духтари чӯпонӣ,
Қадри ошиқро донӣ.
Аз мулки Балҷувонӣ,
Нозанину пурдонӣ.
Сари роҳат нишастам,
Ба ишқи ту пайвастам.
Ман шайдои ту бошам,
То он даме, ки ҳастам.
Духтари дорои ту,
Чашмони шаҳлои ту.
Мо дар тамошои ту,
Аз ҳама болои ту.
Нашав асло булҳавас,
Ваъда мадеҳ ба ҳар кас.
Ҳамдили бовафо шав,
Бубин орзую ҳавас.
Қадаки зебо дорӣ,
Чашмони шаҳло дорӣ.
Марҳами ҷонам шавӣ,
Лутфу таманно дорӣ.
Сайри саҳро меравем,
Тани танҳо меравем.
Эй духтари найнавоз,
Бо гуфти мо меравем.
НОЗ ДОРАД ДУХТАРАК
Эй парӣ ноз накун,
Худата пардоз накун.
Назди дӯстдорат нишин,
Шарфаи овоз накун.
Ашки чашмат пок кун,
Туфлии худро қоқ кун.
Кори беҳуда макун,
Рӯ ҷониби айлоқ кун.
Ҳамчу товус дар хиром,
Хумор дорад духтарак.
Бо лаби пурхандааш,
Гуфтор дорад духтарак.
Чатри шоҳона кушод,
Имои миҷгон бинамуд.
Бо лаби пурхандааш,
Ҳай ноз дорад духтарак.
Нанги дунё кардаам,
Бо аҳд вафо кардаам.
Талаб зи Худо кардаам,
Ноз дорад духтарак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё