ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Гардиши чархи ҷаҳон,
Зебанда аст ба хонадон.
Сире, ки буд имрӯз ниҳон,
Ноз дорад духтарак.
ДИЛРЕЗАҲО
Бар лаби чашма омадӣ,
Масти карашма омадӣ.
Кардӣ нигаҳ ба ишвае,
Волаву ташна омадӣ.
Қадаки ларзон дорӣ,
Зулфи парешон дорӣ.
Дар гардани сафедат
Гаҳнаву марҷон дорӣ.
Қадам мемонӣ ба ноз,
Зулфи сиёҳат дароз.
Аз нигаҳи ту хонам
Як ҷаҳон олами роз.
Ҷону дилам фидоят
Медавам аз қафоят.
Шукронаи ту гӯям
Бо он ҳама ҷафоят.
Чаллаи тилло дорӣ,
Ба дили ман мефорӣ.
Аз дур нигоҳат кардам,
Ба дили ман айёрӣ.
Каме ҷунбон лабонат,
То битобад дандонат.
Ҷонам фидоят бодо,
Бинам лаби хандонат.
Ҷонон равем ба саҳро,
Ба сӯи боғ тамошо.
Каме хумор бишканем,
Равем ба сайри гулҳо.
Аҷаб ту дилфиребӣ,
Зебо чун гули себӣ.
Вақте чакан бипушӣ,
Мисли парӣ базебӣ.
Духтар ба мошин бишин,
Бе ғурбату кин бишин.
Ҳар ду тамошо равем,
Гулҳои армон бичин.
Сарви равоне дорӣ,
Рози ниҳоне дорӣ,
Дар хам-хами абрувон
Тиру камоне дорӣ.
Баски ба ту дил бастам,
Ҳамеша бо ту ҳастам.
Бурдӣ дилам ба нозе
Масти қади ту ҳастам.
Ошиқи зори туам,
Дил беқарори туам.
Бо ҳама дилташнагӣ
Раҳинтизори туам.
Сар-сари теппа гулхор,
Бурда дилам Гулизор.
Эй маҳ, биё, ба наздам,
Ман ошиқи беқарор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё