ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Куртат гули зардолу,
Ба дардам бишав дору.
Дармони дардам бишав,
Монанди шаҳди орӯ.
Мудом дар фасли баҳор,
Ёрам равад ба Ҳисор.
Аз он ҷо дер меояд,
Ҳастам раҳаш интизор.
Маро дидӣ қашоқам,
Сағераи қишлоқам.
Чӯпонам аз паси мол,
Ана бинед таёқам.
Эй духтари сабзина,
Ду даст болои сина.
Хилват биё ба пешам,
То ки касе набина.
Аҷаб зебо сабзина,
Гули раъно сабзина.
Ҷону дилам рабуда
Ҳай хушнигоҳ сабзина.
Ба худ ту дорӣ имон,
Раҳме намо, эй ҷонон.
Ошиқи покат манам,
Дили маро маранҷон.
Сабзинаранг куҷо шуд,
Офати ҷони мо шуд.
Хостам бубинам рӯяш,
Паси парда баҷо шуд.
Зебодухтар раъноӣ,
Агарчи бепарвоӣ.
Худо диҳад бахти ту,
Ба дарди ман давоӣ.
Себи Фалғар ту бошӣ,
Меваи тар ту бошӣ.
Моҳу ахтар ту бошӣ,
Ҷону ҷигар ту бошӣ.
Забондарозӣ макун,
Бо касе бозӣ макун.
Эй ёри зебои ман,
Ғайрнавозӣ макун.
Духтар ҳасти маҳҷабин,
Ту кафтару ман лочин.
Биё ба наздам бишин,
Тапидани дилам бин.
Сире дорам ниҳонӣ,
Гӯям ба ту пинҳонӣ.
Ошиқи зорат манам,
Эй духтари Булёнӣ.
Сурма ба чашмони ту,
Сафед аст дандони ту.
Зебо ҳастӣ ҷонона,
Бишканам ормони ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё