ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Эй кафтари дар парвоз.
Аз пасат кардам овоз.
Як назар бинмо ба ман,
Аз зебогиат маноз.
Духтар гули баҳорӣ,
Долари бисёр дорӣ.
Рӯят чу барф сафед аст,
Ту зеби мошин дорӣ.
Духтар, нишин дар барам,
Куртаи шоҳит харам.
Маро ту карди Маҷнун,
Аз ишқат дар ба дарам.
БО АМРИ ХУДО
Шоир ҳастам бубахшед,
Аз дӯстӣ дорам умед.
Шаби сияҳ шуд сафед,
Аз шумо дорам умед.
Тарсу бим бартараф шуд,
Сулҳу дӯстӣ ба каф шуд.
Андеша кунед дӯстон,
Дар дунё ҳастем меҳмон.
Боқӣ монад ин ҷаҳон,
Дӯстӣ бошад ҷовидон.
Ҳоло сулҳу салоҳ шуд,
Айбу гунаҳ паноҳ шуд.
Шодӣ кунед, дӯстон,
Бинед файзи дастурхон.
Замин доданд иҷора,
Дигар ки набуд чора.
Пиру барно дар саҳро,
Кишоварзӣ кори мо.
Сайдалӣ акнун нигар,
Ҳама ёру бародар.
Равнақу ободӣ бин,
Дар ҳама ҷо шодӣ бин.
ОСТИНАКИ ДАРОЗАТ
Дар деҳаи Тирозат,
Бо кӣ бигӯи розат.
Остинаки дарозат,
Бо ки мекунӣ нозат.
Духтар ту ҳастӣ раъно,
Хона даро Марҳабо.
Куртаи пӯсти морат,
Холакҳои қаторат.
Остинаки дарозат,
Бо кӣ мекунӣ нозат.
Оҳиста рав нозанин,
Наъли кафшат дар замин.
Имрӯз баро ба тахтат,
Акнун ту ёфтӣ бахтат.
Остинаки дарозат,
Бо кӣ мекунӣ нозат.
Рӯзи висолат омад,
Авзои ҳолат омад.
Табассум кун, эй бача,
Наздат омад гулғунча.
Остинаки дарозат,
Бо кӣ мекунӣ нозат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё