ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Курта дорӣ чатрорӣ,
Нуги зулфат марворӣ.
Рӯймол дорӣ шаҳтутӣ,
Шавқе ба дил меорӣ.
ҚАДРИ КИТОБ
Агар китоб бихонӣ,
Қадри инсон бидонӣ.
Агар китоб нахонӣ,
Дунёро намедонӣ.
Китоб ҷаҳони панд аст,
Ширин мисоли қанд аст.
Таҷриба меомӯзед,
Чашм ҳар сӯ медузед.
Аз дунё ёбӣ хабар,
Аз ҳамаи баҳру бар.
Ҳама гап дар китоб аст,
Мисли ганҷи ноёб аст.
Китобро бисёр бихон,
Дунёро хубтар бидон.
Китоб ақлу тамиз аст,
Гар бихонӣ азиз аст.
Ӯ дӯсти беминнат аст,
Гапҳои ӯ қиммат аст.
Китоб ба мо ҳамнафас,
Ба қадри китоб бирас.
Худро нагир дар канор,
Аз китоб баҳра бардор.
Агар китоб бихонӣ,
Бисёр забонҳо донӣ.
Ҳар куҷое гар равӣ,
Асло ту дар намонӣ.
Забони бурро китоб,
Зӯру тавоно китоб.
Машҳур шавӣ ба олам,
Агар бихонӣ китоб.
Ӯ дӯсти беминнат аст,
Ӯ ҳамдами қиммат аст.
Аз тилло ҳам накӯтар,
Бар одамӣ зиннат аст.
Дар танҳоӣ бо ту дӯст,
Ҳамрозу ҳамдамат ӯст.
Калиди ҳар мушкил аст,
Ҳама аз он қоил аст.
Агар китоб бихонӣ,
Ҳама оламро донӣ.
Рӯ биоред бар китоб,
Бошад ин кори савоб.
ДИЛДОДА
Ман чун абри баҳорам,
Ҷоно, ба ту хушдорам.
Рухсори ту чун анор,
Бо ту шудам гирифтор.
Қалам каши қошонат,
Мисли садаф дандонат.
Бо ту шудам гирифтор,
Ман бишудам ҳайронат.
Парӣ гӯям, одамӣ,
Дар саховат Ҳотамӣ.
Пешам нишин азизам,
Барои ман ҳамдамӣ.
Зебосанам, сабзина,
Дар дил надорӣ кина.
Хилват биё ба пешам,
То модарат набина.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё