Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Барфу борон сар шавад,
Чашми деҳқон сер шавад.
Гандум рӯяд аз замин,
Хони деҳқон пур шавад.

Мавсими дарав ояд,
Ҳосиле зи нав ояд.
Халта-халта аз саҳро
Наску дони ҷав ояд.

Тирамаҳ чизе корӣ,
Ҳосили накӯ орӣ.
Пур шавад туро анбор
Вораҳӣ ту аз хорӣ.

НОЗИМЕ АЗ ТУТҚАВУЛ

Нозим мегӯяд мирам,
Тутқавулро мегирам.
Чӣ медонад, мемирам,
Сад аламои Нозим.

Салай Нозим кабуд аст,
Нозим дар дарё ғут аст.
Аспи Нозим кузала,
Ӯро заданд ба хала.

Дарвозаҳои возаш,
Духтари луфтакбозаш.
Ӯ дошт чанде ғалла,
Онро мардум мебара.

Хонаи Нозим вайрона,
Хешони ӯ ҳайронанд.
Духтарҳо таги долон,
Пиру ҷавон гирёнанд.
Қиссахон инро бихон,
Нақл кун бо мардумон.
Имрӯз ин аст афсона,
Нозим буд марди майдон.

ДУХТАРАКИ ДЕҲОТӢ

Духтараки деҳотӣ,
Ширин мисли наботӣ.
Себе даруни остин,
Бахшат барам савғотӣ.

Биё – биё, ҷонона,
Рақс бикун Фарзона.
Зебо ҳастӣ, эй нигор,
Камарбандат шоҳона.

Дар сари ту рӯймолай,
Нигоҳ кунем ҳалолай.
Ҳарду ҳастем мусулмон,
Дигар хелаш уболай.

Даста –даста гул бичин,
Чаҳ-чаҳи булбул бубин.
Чашмат кушо ҳар тараф,
Хандаҳои гул бубин.

Зебосанам ба мошин,
Паҳлуи ёрат бишин.
Арӯсатро мебаранд,
Хубии бахтат бубин.

Умри инсон чун баҳор,
Чашмони ёр беқарор.
Худат бирав ба бозор,
Баҳри рӯймоли гулдор.

пешина
аз 36
навбатӣ