ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Хуб нигоҳубинашон бикун.
Нагузор, ки фарзандонат онҳоро носазо гӯянд.
Дар зиндагиат доимо ниҳол бисабзону ба мардум аз меваи он бичашон. Мегӯянд: «Як дарахти бесамар аз фарзанди солеҳ боло аст», ин ҳақ асту рост.
Хабаргирии беморе рафтӣ назди ӯ бисёр нанишин ва суханҳои носуфтаи бесару нуг нагӯй, ки он суханон ҳузновар бошанд.
Қадри худро аввал бидон. Пас дигарон ҳам қадри туро медонанд.
Кори касро надида, ҳавоӣ баҳо надеҳ. Чӣ хеле ки мегӯянд:
То кас сухане нагуфта бошад, Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист, Шояд, ки паланг хуфта бошад.
Ба ҳар ҷо сафар кардӣ, албатта лавозимоти даркориро фавран бигир. Тушаи роҳ, сару либос ва ғайра. Чуноне ки мегӯянд: Ба шикори рӯбоҳ рафтӣ, барои шер аслиҳа бигир.
Асло кинагир машав. Аввало ба касе беҳуда ҷангу ҷанҷол накун. Корро бе қаҳригӣ ҳал бикун. Агар нашуду бо мусоҳибат ногап шудӣ, аз се рӯз зиёд ногап нашав.
Як умр ҷӯёи илм бишав. Беҳуда нест, ки пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст: «Аз гавҳора то гӯр илмро биҷӯй».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё