Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Касбу ҳунари худро дӯст дор. Коратро ҳалол карда, нони ҳалол бихӯр. Бисёр ҳунарҳоро аз худ намо. Мегӯянд, ки ба мард чил ҳунар кам аст, ин ҳақ асту рост.


Табиатро дӯст дору саломатиатро аз он биҷӯй.


Бо хайру босаховат бош! Мегӯянд, ки «Сахӣ дар ҳарду олам сарбаланд аст». Ин ҳақ асту рост.


Одамонро, ки корафтодаат бошанд, озор мадеҳ!


Ҳама вақт Худоро дар қалбат шумор. Пайғомбаронро ёд бикун.


Дар ҳама ҷо, хусусан дар масҷид ғайбат накун.


Сари ятимонро сила кунед. Мегӯянд, ки сари ятимонро сила кунӣ, рисқат афзун мешавад.


Бе бисмиллоҳ нон нахӯр, ки шарикат шайтон мешавад.


Ба қадри илму китоб бирас. Аз он ҳама чизро биомӯз, ҳар манфиате мебинӣ, натиҷааш аз хондани китоб аст.


Ба кулбаи дӯстон бисёр наравед, ки хору залил мешавед.
Кам равед, боқадр мешавед.


Дар давра ҳар суханеро, ки бехашро намедонию воқеаашро надидаӣ нақл накун. Мегӯянд, ки: «Шунидан кай бувад монанди дидан».


Ҳарчӣ коридӣ, ҳосил аз он бидравӣ. Бад кардӣ, бадӣ мебинӣ. Некӣ кардӣ, некӣ мебинӣ.


Дар зиндагӣ падару модарро гиромӣ бидор. Аз гуфтаҳояшон берун набаро.

пешина
аз 36
навбатӣ