ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
ЁДЕ АЗ ҶАВОНМАРДОНИ КАНГУРТӢ
Мулки Кангурт ҷои дилфаро ва макони ҳофизон, шоирон, бастакору ҳунармандони машҳури Тоҷикистон аст.
Дар давраи подшоҳии Бухоро Кангурт макони олимону мударисони машҳур буд. Аз Тоҷикистони шарқӣ беҳтарин таҳсилкардаҳо аз ҳисоби мардуми Кангурт ба шумор мерафт. Мударисони машҳур Ҳоҷӣ Ҳусайн, Ҳоҷӣ Камол, Хоҷа Юсуфи Хатлонӣ, Домулои Кобулӣ ва дигарон буданд, ки дар Бухорои давраи амирӣ онҳоро шахсан мешинохтанду эҳтиромашон мекарданд. Даҳҳо ҷавонони илмдӯсти кангуртӣ дар асрҳои пешин дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, дар Кангурту Балҷувон омада имоматию мударисӣ мекарданду шӯҳратманд буданд.
Аз Кангурт (дар деҳаи Қарақамиши поён) шоири номдори классики тоҷик Ҳоҷӣ Ҳусайн ба дунё омадааст, ки дар шоирию хаттотӣ, муҳрканию лавҳакашӣ дар замони худ шӯҳрати беандозае дошт. Китоби хаттотии ӯ «Ашколи хутути Исломия» дар ҷаҳон машҳур аст. Дар ин китоб 62 намуд хати арабиасоси ӯ бо дастони шоир хаттотӣ карда шудааст, ки дар ин ҷода касе ба дараҷаи ӯ нарасидааст. Хаттоти асри XV-и тоҷик Миралии Муйқалам, ки зодаи Ҳироти Афғонистон буд, фақат 5 навъи хатро офарида буду халос.
Соли 1984 дар Москва як миллион нусха китоби хаттотии ӯро чоп намуда, ба 16 мамлакати хати арабиасос доштагӣ фиристониданд. Ҳукумати онвақтаи Шӯравӣ аз рӯи ин асари шоир фоидаи бисёре ба даст овард. Шоир Ҳоҷӣ Ҳусайн бо равияи Бедил шеърҳои бисёре офаридааст, ки чанд ҳазор мисраи онро дар замони мо дар Душанбе чоп карда, дастраси халқи тоҷик гардонидаанд.
Ҳайкали боҳашамати шоир бо маблағи ҷавонмарди саховатпешаи кангуртӣ Анвар Қурбонов сохта шуд. Дар деҳаи Наистони Боло мактаби миёнаро ба номаш гузоштаанд.
Бастакори машҳури тоҷик Абдулфаттоҳ Одинаев ҳам яке аз номбардорони мардуми ин диёр аст. Ӯ дар Гузари Тори Кангурт ба дунё омада, консерватория ва аспирантураро дар Москва хатм кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё