Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Бегоҳи ҳамон рӯз дар хона «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (асари коллективона дар 2 ҷилд, ҷ.
1 – 1956. ҷ.2 – 1957) ва нашри якҷилдии русии онро (М., 1961) кушода, қисмҳо ва бобҳоеро, ки ба қалами М.Шакурӣ нисбат доштанд, бори дигар варақ гардондам. Китобҳоро саҳифа мегардонидаму фикру ёдам ба супориши гирифтаам банд буд. Баногаҳ ҷуръате дар ҷараёни фикрам мавҷ зад ва ба худ гуфтам: «Охир, муаллим тақрибан сисола будааст, ки дар ин тадқиқоти муҳим, дар навъи худ дар адабиётшиносии тоҷик аввалин ба сифати яке аз муаллифон ва муҳаррирон иштирок доштааст…»
Иштирок дар тадқиқоти мазкур, ҳамкорӣ бо олимони ҳамкасби пуртаҷриба монанди И.С.Брагинский ва Ш.Ҳусейнзода, инчунин бо адабиётшиноси ҷӯянда мисли марҳум А.С.Эделман, ҳамкории чандинсола бо донишманди борикбину амиқназар марҳум Носирҷон Маъсумӣ, омӯзиши пайваста ва ҷустуҷӯйҳои пурдоманаи илмӣ М.Шакуриро барои дарки яклухти ҷараёни мураккаби ташаккул ва таҳаввули адабиёти муосири тоҷик тайёр мекард. Дар натиҷа соли 1965 М.Шакурӣ проспекти «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо»-ро, ки бояд дар шаш ҷилд таълиф мешуд, навишта ба муҳокима гузошт. Баъдан ин тадқиқоти муҳимми илмӣ дар шаш ҷилд ва ҳафт китоб ба забони тоҷикӣ ва варианти мухтасари он дар ду ҷилд ба забони русӣ бо иштироки гурӯҳи калони олимони ҷумҳурӣ ва Маскав анҷом пазируфт. Роҳбари проблема, яке аз муаллифони асосӣ, муҳаррири масъули ҳайати таҳририя ва аксари ҷилдҳо, мутарҷими бобҳои ҷудогона аз русӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба русӣ дар ин кори калонҳаҷму заҳматталаб Муҳаммадҷон Шакурӣ буд. Муаллифони «Таърих…»-и мазкур бо роҳбарии М.Шакурӣ тағйироти куллиеро, ки дар инкишофи даврони шӯравии адабиёти тоҷик дар системаи жанрҳои лирикӣ, дар достон, дар сохти бадеии ҳикоя, дар осори эпикии калонҳаҷм ба вуқӯъ омадаанд, аз назари таҳқиқ гузаронида, ташаккули жанрҳо ва шаклҳои нави жанрӣ, нақши анъанаҳои адабии бисёрасраро дар ин ҷараён, таҷаддуди ин анъанаҳо ва мазмуни нави онҳоро нишон дода, манзараи мураккаби таърихи ташаккул ва роҳҳои таҳаввули адабиёти шӯравии тоҷикро ба вуҷуд оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё