Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар айни замон дар ҷараёни ин ҷустуҷӯйҳо назари худи муҳаққиқ беш аз пеш вусъат пайдо мекард, тамоми падида ва пиндорҳои эстетикаи Айниро таърихан, дар қиёс бо дастовардҳои насри реалистии адабиёти шӯравии сермиллат фаро мегирифт. Аз ин лиҳоз мақолаҳои «Анъанаҳои ёддоштнависии классикӣ дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ» (1955-1957) ва «Саҳифаҳои нафрат ва тамасхур» (1959), ки дар китоби «Анъана, халқият ва маҳорат»
(1964) гирд омадаанд, ҷолиби таваҷҷуҳанд. Дар мақолаи якум анъанаҳои ёддошт ва тарҷумаиҳолнависӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик дар мисоли осори Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, хоса Восифию Аҳмади Дониш, инчунин анъанаҳои ин жанр дар осори классикони адабиёти ӯзбек – «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-и Навоӣ, «Бобурнома»-и Бобур, чигунагӣ ва дараҷаву махсусиятҳои истифодаи Айнӣ аз анъанаҳои мазкур ва унсурҳои ёддоштии таърихномаҳои гузашта мавриди омӯзиш қарор ёфтаанд. Тадқиқи аксандозии панду ҳикмат ва анъанаҳои дидактикии назму насри классикӣ дар «Ёддоштҳо», нақши онҳо дар ташаккул ва фардияти як силсила образҳои ин асар, аз ҷумла образҳои падар, устоамак ва маҳорати образофарии устод Айнӣ пайваста бо манбаъҳо ва заминаву сарчашмаҳои бадеии миллии «Ёддоштҳо» ва анъанаҳои ёддоштнависии адибони рус, хоса М. Горкий, ба М. Шакурӣ имкон дод, ки «Ёддоштҳо»-ро чун як падидаи барҷастаи адабиёти шӯравӣ, нуқтаи олии ҷамъбасти таҷрибаҳои бадеиву эстетикии устод Айнӣ маънидод намояд. То мақолаи мазкури М. Шакурӣ низ олимони тоҷик ва намояндагони дигар адабиётҳои мамлакати шӯравӣ оид ба таъсирбардории Айнӣ аз М. Горкий дар таълифи «Ёддоштҳо» изҳори ақида карда буданд. Вале М.
Шакурӣ дар баробари иқрори ин таъсир аввалин бор исбот намуд, ки «асари Айнӣ ба асарҳои сегонаи М. Горкий тамоман монанд нест, услуби Айнӣ аз услуби Горкий ба куллӣ фарқ мекунад. Вале дастури асосии ғоявию эстетикӣ дар асарҳои сегонаи Горкий ва дар «Ёддоштҳо»-и Айнӣ як аст».

пешина
аз 202
навбатӣ