Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз суҳбатҳои устод Мӯъмин Қаноат дар мавзӯъҳои адабиёт, фарҳанг, забон, таърих ва хусусан дар бораи рисолати шеър ва шоир дар ҷашнҳои адибону олимон ва конфронсу симпозиумҳои адабиву илмӣ бисёр бархурдор шудаем. Ӯ маъмулан бидуни матн ва аксаран бадоҳатан сухан мегӯяд. Суханронии устод аз маърӯзаҳову музокараҳои дигарон ҳамеша бо фарогирии паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ, муқобалаву муқояса, диди амиқу борик, таҳлилҳои иҷтимоиву ирфонӣ ва бадеияти шоирона фарқ мекунад. Боре баъди суханронии устод дар як ҷаласаи адабӣ Гулназар, ки дар паҳлуям менишаст, бо ваҷд гуфт, ки торҳои майнаву асаби Мӯъмин Қаноат гӯиё антеннаҳое доранд, ки мавҷҳои андешаву донишро аз фазои бекарон ба худ мекашанд ва тафаккури устодро бо иттилооту ғизои хосаву зарурӣ таъмин мекунанд. Ин, албатта, як мушоҳидаи шоирона буд, ки зимнаш ҳақиқати нисбие шояд дошта бошад. Вале мусаллам аст, ки ҳар суханронии устод дар ҷаласаҳои адабиву илмӣ як мақолаи мутаммам оид ба мавзӯи мушаххас аст, ки мутаассифона, рӯи коғаз наомадааст.
Ин ҷо мехоҳам аз ду суҳбати устод Мӯъмин Қаноат ёд кунам, ки яке дар доираи илмӣ ва дигар дар доираи адабӣ сурат гирифта буд.
Суҳбати якум моҳи декабри соли 1987 дар Институти адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкийи Академияи илмҳои ИҶШС воқеъ шуд. Он сол дар Тоҷикистон ҷашни 100-солагии устод Абулқосим Лоҳутӣ дар доираҳои адабиву илмӣ, мактабҳои миёнаву олӣ ва аҳли ҷамоат хеле васеъ ва пуртантана таҷлил гардид. Ҷашнвора мебоист дар шаҳри Маскав бо конфронси илмӣ дар Институти адабиёти ҷаҳон ва бо шоми адабиву ҳунарӣ дар толори сутундори Хонаи иттифоқҳо ҷамъбаст мешуд.
Ба конфронси илмӣ аз Тоҷикистон як зумра олимони Лоҳутишинос бо сарварии Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон устоди зиндаёд Муҳаммад Осимӣ рафта будем.
Устод Мӯъмин Қаноат, ки ташкили шоми адабиву ҳунариро ба уҳда дошт, дар конфронси илмӣ низ ширкат варзида, гузориши пурмуҳтавое кард, ки мағзи он гузориш ҳоло ҳам ҳарф ба ҳарф дар гӯшам садо медиҳад.

пешина
аз 202
навбатӣ