Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Даҳҳо латифаи аҷиб, зарофатгӯйиҳои хушҳолкунандаи ӯ дар хотири мо нақш бастаанд. Масалан, рӯзе баъди чанд моҳи даргузашти ҳамсараш дар ҳамон ошёнаи дуюми Институти забон ва адабиёт, назди тирезаи шафати маҷлисгоҳ бо гурӯҳи ҷавонон суҳбати гарме дошт, ки муҷарради асил Асрор Раҳимов омада, ба ҳалқа ҳамроҳ шуд. Домулло Раҳим Ҳошим бо ӯ гарм ҳолпурсӣ карданду гуфтанд:
– Мулло Асрор, як пешниҳод ҳаст.
– Канӣ, канӣ, домулло...
– Биёед, ҳардуямон якто зан мегирем.
– Э-э-э, домулло, шумо чиҳо мегӯед, айб аст...
– Чӣ ҷои айб дорад? Як зан барои ҳардуямон басанда аст.
Рӯзона ба ман омада хӯрок мепазад, либосҳоямро мешӯяд.
Бегоҳӣ назди шумо меравад...
Асрор Раҳимов зарофати шӯхии пири ҳаштодсоларо нафаҳмид, рӯй турш карду даст афшонда аз ҳалқа дур шуд.
Мо шикамсерӣ хандидем...
Фозили камназир, донишманди асил, адиб ва олими нуктасанҷ, чеҳранигори чирадаст, пири равшанзамир устод Раҳим Ҳошим садсола шуд. Бале, ӯ садсола шуду дар дилу хотири мо, шогирдон, бо суханони пурмаъно, табассумҳои малеҳ, хандаҳои шавқангез, сӯҳбатҳои ширинаш умри ӯ идома меёбад. Ва чи хуш гуфтааст шоири борикбинамон Бозор Собир дар ҳаққи ӯ:

То бувад фарҳанги тоҷик,
Номи ӯ монад муқаррар.
Не дар аввал, не дар охир,
Чун гуле дар байни дафтар.

соли 2008

пешина
аз 202
навбатӣ