Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Мудом таъкид мекард, ки «барои дуруст сухан гуфта ва навишта тавонистан шарти аввал босавод будан аст... Маданияти забон маданияти фикрро нишон медиҳад. Барои дуруст ва зебо гап зада тавонистан, пеш аз ҳама, дуруст ва мантиқӣ фикр карда тавонистан шарт аст». Дар ҳамин мақола тавассути феъли «сохтан» тартиб додани феълҳои мураккабро, аз қабили «табассум сохтан», «гӯш сохтан», «гиря сохтан», «такрор сохтан», «парвоз сохтан», «касб сохтан» бо овардани мисолҳои мушаххас мавриди мазаммат ва масхара қарор дода буд. Ин гуна «масхарасозиҳо» имрӯз дар гуфтору навиштори аҳли матбуот на кам, балки бештар ва масхарабобтар шудаанд, ки «вайрон сохтан», «хароб сохтан», «кам сохтан»
ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.
Устод Раҳим Ҳошим инсони хеле шикастанафс ва фурӯтан буд. Ҳангоми мураттаб ва ба чоп омода кардани «Солҳо дар саҳифаҳо» чашмонашро ҷарроҳӣ карда буданд, биноан баъди чопи мошинка хондан, тасҳеҳу таҳрири ин китобро ба уҳдаи камина вогузошт. Ман бо дилу ҷон ин корро анҷом додаму устод китобро ба нашриёти «Адиб»
супурд. Баъди чанд вақт устод нусхаи хабарии (сигналии) китобро ба дафтари корам ( он вақт муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ будам) овард.
Чеҳрааш гирифта ва димоғаш сӯхта буд. Сабаб пурсидам, гуфт:
– Ҳамаи корро шумо кардеду каси дигарро аз нашриёт муҳаррир таъйин намудаанд...
– Ҳеҷ гап нест, устод, муҳим он аст, ки китоб чоп шавад, мо қарзи ҷӯрагиро адо кардем (устод маро «ҷӯра» мегуфт)...
– Не, ин тур намешавад, шумо як пешгуфтор менависед...
– Устод, айб аст, ки ман ба китоби Шумо пешгуфтор нависам, ин кори нашуданист...
– Нанависед, ман китобро ба чоп намесупорам...
Дидам, ки устод ҷиддан тасмим гирифтааст, ноилоҷ розӣ шудаму сарсухане ба китоб навиштам ва он бо ҳамон пешгуфтор ба табъ расид.
Устоди зиндаёд шахсияти ниҳоят зиндадил ва равшанзамир буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё