Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Раҳим Ҳошим барои насли мо таҷассуми зиндаи таърихи адабиёту фарҳанги нави тоҷик буд. Шогирди устод Айнӣ, ҳамкори устод Лоҳутӣ, дӯсти Пайраву Деҳотӣ, ҳамқадами Турсунзодаву Боқӣ буд ӯ ва оид ба ҳар кадоми онҳо дар китобҳои «Сухан аз устодон ва дӯстон» (1971) ва «Солҳо дар саҳифаҳо» (1988) фаслҳову мақолаҳои ҷолиб дорад. Раҳим Ҳошим оид ба эҷодиёт ва фаъолияти гуногунсоҳаи устод Айнӣ рисолаи «Пире, ки ҷавон шудааст» (1973) ва ҳамроҳи Радий Фиш оид ба ҳаёт, шахсияти адабиву илмӣ ва ҷамъиятии устод Айнӣ китоби «Бо чашми виҷдон» (1978)-ро таълиф карда, дар соҳаи айнишиносии илми адабиётшиносии тоҷик саҳми шоиста гузоштааст. Ҳар маслиҳате, ки ӯ ба сифати узви ҳайати таҳририяи «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (дар 6 ҷилд) ба муаллифони ҷилдҳо медод, арзиши чандин китобро дошт.
Устод Раҳим Ҳошим сухандони камназир буд, шеъри классиконро нағз медонист. Суханронияш лаззату таъсири махсусе дошт, маънӣ амиқ, лаҳн латиф ва оҳанги гуфтораш самимӣ буд. Ба қавли муаллим Муҳаммадҷон Шакурӣ, устод Сотим Улуғзода дар суҳбате гуфта будааст, ки ӯ аз ҷумлаи зиёиёни тоҷик се тан нотиқи забардастро медонистааст: Абдуррауфи Фитрат, Аббос Алиев ва Раҳим Ҳошим...
Худи устод ба масъалаи сухандонӣ, фасеҳ навиштану возеҳ гуфтани сухан ва риояти меъёрҳои забони адабӣ дар гуфтору навиштор пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекард, дар ин мавзӯъ мақолаҳои тунду тез менавишт. Аз ҷумла дар мақолаи «Сухандонӣ ва суханронӣ» (1961) оид ба нутқи касоне, ки аз тариқи радиову телевизион сӯҳбат мекунанд, ибрози чунин андеша карда буд, ки имрӯз, баъди мурури ним аср, низ аҳаммияташро гум накардааст: «Аз байни инҳо фақат касоне диққати шунавандагонро ба худ ҷалб карда, онҳоро ба ҳалқаи таъсири суханони худ гирифта метавонанд, ки суханро равон, бо якдигар вобаста, мантиқӣ, қаноатбахш ва бо риояти комили қоидаҳои забон мегуфта бошанд, ба гап ҷон дароранд».

пешина
аз 202
навбатӣ