Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
ЗИ ДУНЁИ ДАРУНАШ РОЗ БИКШОЕМ
Адибони асил паёмбар ва паёмгузори замон ва насли хеш ҳастанд. На ба он сабаб, ки осорашон ба солномаву воқеаномаҳо шабеҳ бошанд, балки ба ин маънӣ, ки рӯҳи замон ва умдатарин нишонаҳои маънавиёти ҳамзамонони хешро дар офаридаҳояшон акс менамоянд. На ба он сабаб, ки ба муносиботи воқеъоти расмӣ асаре менависанду ҳамсадоии худро ба иқдомоти мусаллатини замон иброз медоранд, балки ба ин маънӣ, ки дар офаридаҳояшон ҳастии таърихӣ, иҷтимоӣ ва рӯҳонии халқро дар пайванди гузаштаву имрӯзи ӯ метавонанд ҳувайдо намоянд. Ва ниҳоят, на танҳо ба ин сабаб, ки анъаноти адабии гузаштаро идома медиҳанд, балки низ ба ин маънӣ, ки метавонанд дар заминаи он анъанот мактаб ва сабки адабии худро биёфаранд.
Аз масири ҳамин меъёрҳо ба эҷодиёти Мӯъмин Қаноат бо назари тадқиқ бингарем, шахсияти халлоқӣ, маҳорати нигорандагӣ ва ҳунари барозандагии ӯ дар манзари шеъри кунунии тоҷикӣ хеле равшану барҷаста намудор хоҳад шуд.
Муҳаққиқони назми муосири тоҷик бар ин ақидаанд, ки шеъри мо аз нимаи солҳои 50 ва бахусус аз солҳои 60-и қарни гузашта ба марҳалаи тоза ворид шуд, ки моҳияти он аз зуҳури тағайюроти сифатӣ дар сохту таркиб, системаи образҳо ва сатҳи бадеиву эстетикии шеър иборат аст. Ин маҷро аслан аз эҷодиёти Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ ва Файзулло Ансорӣ шурӯъ шуд, вале ба чанд иллат пеш нарафт.
Аввалан, шоирони мазкур дар тозакориҳояшон асосан ба таҷрибаи шоирони насли солҳои 30 (ба истилоҳ насли комсомол) ва эҷодиёти шоирони рус такя карда, истеъдоду маҳорати худододашонро, то тавонистанд, дар ҳамин замина сайқал доданд. Сониян, онҳо ба назарияи реализми сотсиалистӣ сахт мусаллаҳ буда, аз ворид шудани аносири усулҳои дигари тасвир (мисли романтизм, сентиментализм, имажинизм ва ғ.) ба осорашон мепарҳезиданд. Солисан, истеъдоди онҳо бо вуҷуди ҳамаи навовариву тозагӯиҳое, ки доштанд, аз равияи маъмули шеъри тавсифӣ берун нарафта, пойбанди қолабҳои тафаккури бадеии расмӣ ва нимрасмӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё