Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоми яке аз чунин гардишҳо гӯяндаи радио суханони машҳури Максим Горкийро дар бораи шарафмандии инсон қироат мекардааст. Байти мазкур ифодаи аламомези ҳолати рӯҳии ҳамон лаҳза аст...
Оре, устоди зиндаёд Раҳим Ҳошим 14 соли умри пурбаракаташро дар маҳбасҳо (аз соли 1938 то 1947 ва аз соли 1949 то 1953) сипарӣ намуда буд. Беҳтарин солҳои умрашро. Вале аз он солҳо ёд карданро дӯст намедошт. Аз рӯзгор наменолид. Зиндадилу равшанзамир буд. Заҳмат мекашид.
Маҳсули заҳматҳои 40 соли охири умраш ӯро дар муҳити илму адаби Тоҷикистон соҳиби иззату манзилати хоса гардонид.
Дар суҳбатҳои хоса гоҳ-гоҳ аз таърихи гирифтори маҳбас шуданаш нақлҳое мекард, ки дар онҳо фоҷиа ранги мазҳакаро касб менамуд. Он нақлҳо боиси малоли хотири мусоҳиб намешуданд, ба шарофати табъи баланду зарофати камназари устод касро хушҳол гардонад ҳам, ба ҳар ҳол ғуборе ба оинаи дил менишонд. Масалан, ҳикоят мекард, ки «ҳангоми дафъаи аввал ба ҳабс гирифта шуданам як муфаттиши тоторасли НКВД (Комиссариати халқии корҳои дохилӣ – А.А.) маҷбурам мекард иқрор шавам, ки ҷосуси Инглистон ҳастам. Ман аз бетаҷрибагӣ пофишорӣ мекардам, ки ҳеҷ гуна ҷосус нестам. Ва ӯ маро чунон мезад, ки гурдаҳоям қариб аз кор монда, пешобам хунолуд шуда буд.
Ниҳоят ба даҳ соли маҳрумӣ аз озодӣ ҳукм гирифтам...
Дафъаи дуюм, ки ба ҳабс гирифтанд, аллакай соҳибтаҷриба будам, фавран иқрор шудам, ки ҷосуси Эронам. Пурсиданд, ки чӣ кор бояд мекардам. Гуфтам, ки мебоист пули Чулпонаторо метаркондам. Он як пули чӯбини аробагузар буд.
Пурсиданд, ки моддаи таркандаро аз куҷо мегирифтам.
Гуфтам, ки шумо маро рӯзи шанбе ҳабс кардед, дирӯз, яъне рӯзи якшанбе, ман бояд назди дарвозаи асосии бозори Самарқанд бар сар кепӣ ва дар дасти чап рӯзнома меистодам ва нафаре ба ман моддаи тарканда мебоист медод... Бо ҳамин ҷони ман халос шуд ва суд боз ба даҳ соли дигар маҳкумам кард. Соли 1953 Сталин мурду мо афв шудем...»
Раҳим Ҳошим 5 октябри соли 1908 дар Самарқанд дар оилаи Муҳаммад-оқои Ҳошимӣ ба дунё омада, аввал дар мактаби ҷадиди маорифпарвари номӣ Абдулқодири Шакурӣ , сипас дар мактаби нави шӯроӣ, ки дар он устод Садриддин Айнӣ дарс медод, таълим гирифтааст.

пешина
аз 202
навбатӣ