Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Баъдҳо, ба муносибати 100 – солагии устод Айнӣ Раҳим Ҳошим он мактабро ба ёд оварда навишта буд: «Дар ин ҷо ба муаллиме дучор омадам, ки роҳи кор ва мавқеи ҷамъиятии ояндаи маро муайян кард, дар дилам оташи шавқи аҳли қалам шудан, нависанда шуданро афрӯхт ва дар тамоми зиндагии ояндаам то имрӯз ба ман муаллим ва раҳнамо гардид».
Воқеан ӯ то охири умр дар суҳбатҳо ва навиштаҳояш шогириди содиқи устод Айнӣ буданашро таъкид мекард ва пайваста ба бузургии инсонӣ ва фарҳангию ҷамъиятии шахсият ва мероси устод аҳсану офарин мехонд. Инро ҳар кас аз китобҳои «Сухан аз устодон ва дӯстон» ва «Солҳо дар саҳифаҳо»-и муаллими зиндаёди мо метавонад эҳсос бикунад. Дар мусоҳибаву мубоҳисаҳо, Худо накарда, касе нисбат ба асар ё шахсияти устод Айнӣ андак беэътиноӣ зоҳир мекард, Раҳим Ҳошим сахт меранҷид, озурда мешуд, фавран ва ё пайту маврид ёфта, ҳатман ҷавоби шоиста медод. Дар бораи меҳмоннавозӣ, дастархондорӣ, посдории хотир аз ҷониби устод Айнӣ аз Раҳим Ҳошим ҳикоятҳое шунидаам, ки дар мавриди муносибтаре рӯи қоғаз хоҳам овард.
Ҳоло мехоҳам лаҳзаеро аз посихотирдории устод Айнӣ, ки аз муаллим Раҳим Ҳошим шунидаам, ҳикоят кунам. Ҳангоми бори дувум ҳабс шудани Раҳим Ҳошим ҳамсари ӯ Фаина Борисовна дар китобхонаи Донишгоҳи Самарқанд кор мекардааст. Муносибати роҳбарияти донишгоҳ ба ӯ (ҳамсари «душмани халқ»!) тағйир ёфта, ба гӯши домулло Айнӣ миш
– миши эҳтимолияти аз кор сабукдӯш шудани ҳамсари Раҳим Ҳошим расидааст. Он замон устод Айнӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба шарофати аллома Бобоҷон Ғафуров мавриди меҳрубониву ғамхории хоса қарор гирифта, мошини хизматии сабукрав низ доштааст. Ҳамон рӯзҳо дар донишгоҳ ҷаласаи тантанавие баргузор мегардаду устод Айнӣ ба он ба сифати меҳмони ифтихорӣ даъват мешавад.
Ӯ аз ҷои нишасти раёсат мебинад, ки дар толор Фаина Борисовна бо духтарчааш ҳузур доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё