Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
ПИРЕ БУД РАВШАНЗАМИР
1 Аз ибтидои солҳои 60 то сар задани воқеаҳои нохуши аввали солҳои 90-и қарни гузашта ҳар рӯзи корӣ пас аз нисфирӯз мӯйсафеди резапайкаре бо қомати андак хамида, бар сар тоқии чустии сабзинаранг оҳиста-оҳиста қадамзанон ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон меомад. Дар ошёнаи дуюми Институт назди тирезаи паҳлуи маҷлисгоҳ тақрибан ҳамеша ӯро ҷавонони пажӯҳишгоҳ, аспирантону унвонҷӯён аз донишгоҳҳо, адибони навқалам мунтазир мешуданд. Ӯ баъди баромадан ба нафақа дар Институт утоқи кор надошт, маслиҳатҳову сӯҳбатҳояш аксаран дар ҳамон роҳрави назди маҷлисгоҳ сурат мегирифтанд. Гоҳ-гоҳ ба коргоҳи муаллим Муҳаммадҷон Шакурӣ, дафтари кори Хуршеда Отахонова ва шуъбаи луғат медаромад. Зиёд наменишаст, аз музоҳим шудан метарсид. Дӯст медошт, ки дар ҳалқаи ҷавонон бошад. Мо ҳам ӯро «молодой человек» мегуфтем, хушаш меомад. Суҳбатҳояш асосан аз хусуси навиштаҳои ҷавонон ҷараён меёфт. Бештар таъриф мекард. Эродҳояшро ниҳоят нарм ва бо эҳтиёт мегуфт. Хотироташро дар бораи устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, Пайрав, Раҳимӣ, Суҳайлӣ бо шавқ ҳикоят мекард. Ёд надорам, ки боре ҳам сухани касеро бурида ё заррае тасаллути илму дониши худро бар ҷавонон зоҳир карда бошад. Дар мусоҳиба такаллуф надошт, суханашро ошкоро мегуфт. Нарм мегуфт, ба иззати нафси касе намерасид. Номусу шарафи инсонро болотар аз ҳар арзиш медонист.
Аз шарофати инсон лоф мезанад воиз,
Гӯ: «Биё ба ин бозор, нархи одам арзон шуд».
Ин байтро, ки аз як қасидаи ҳолияи ӯст, дар охирҳои умр зиёд такрор мекард. Онро дар «маҳбаси сангин» – и шаҳри Тошканд гуфтааст. Ҳикоят мекард, ки маҳбусонро ҳар рӯз ба муддати ду соат ба саҳни маҳбас барои гардиш мебароварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё