Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аз ҷумла драмаҳои «Тӯфон» (1957, бо Шамсӣ Қиёмов), «Ҳуррият» (1964) ва «Сарбозони инқилоб» (1970) ба воқеаҳои вобаста ба Инқилоби октябр бахшида шудаанд.
Як силсила драмаҳои Ғанӣ Абдулло ба ҳаёт ва фаъолияти устод Айнӣ («Шамъи маърифат», 1978), устод Лоҳутӣ («Мурғи саҳар», 1980) ва Ш.Шотемур («Ситораҳои умед», 1975) тааллуқ дорад.
Ба таърихи дуру наздик рӯ овардани Ғанӣ Абдулло як навъ гурез аз сиёсати замон буд, ба ӯ имкони истиқлоли фикриву эҷодиро фароҳам меовард.
Тамоми асарҳои драмавии Ғанӣ Абдулло дар Театри ба номи Лоҳутӣ, ки ӯ тӯли чанд сол роҳбари адабии он буд, ба саҳна гузошта, қисми зиёди он асарҳо ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ низ тарҷума шудаанд.
Ғанӣ Абдулло дар тарҷумаи бадеӣ низ маҳорати баланд дошт. Асарҳои А.Островский «Духтари бебисот», К.Симонов «Ҷавоне аз шаҳри мо», А.Корнейчук «Платон Кречет», Робиндранат Такур «Қурбонӣ», А.Попов «Оила», Т.Драйзер «Доми фиреб» ва ғайраҳоро ба забони тоҷикӣ баргардонидааст.
Ғанӣ Абдулло вакили Анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ (1934), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1972), Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон буд. 28 январи соли 1984 аз олам даргузаштааст.
соли 2012

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё